Имрӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷуиҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ташаккули сиёсати зиддикаррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш татбиқи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ, баррасии масъалаҳои мубрами пешгирӣ ва муқовимат бар зидди коррупсия, таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин ҷустуҷӯи роҳҳои муассири баланд бардоштани шаффофият ва волоияти қонун мухим арзёбӣ гардид.
Дар идома гуфта шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ имконият фароҳам меорад, ки масъалаҳои мубрами ҷомеа аз дидгоҳи илмӣ ва амалӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, барои ҳалли онҳо пешниҳодҳои мушаххас таҳия карда шаванд. Конфронс бори дигар нишон дод, ки таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани шаффофият ва муқовимати ҳамаҷониба ба коррупсия аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир буда, татбиқи самараноки онҳо метавонад дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми назаррас гузорад.
