Варзиш — гарави саломатӣ ва тарбияи ирода

Варзиш на танҳо ҷисми солим ва роҳи пешгирӣ аз бемориҳо, балки мактаби бузурги ирода, интизом ва ватандӯстист. Имрӯз дар мамлакат барои рушди варзиши оммавӣ ва ҷалби ҷавонону сокинон ба тарзи ҳаёти солим тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Тавассути фаъолияти пайвастаи ҷисмонӣ ва машқу тамрин метавон насли солим, тавоно ва дорои рӯҳияи баланди созандагиро тарбия намуд.

Сорбон Зоиров, варзишгари муваффақ, солимии ҷомеаро дар варзишу ҳаракати бардавом мебинад: «Замоне ки ман бори аввал ба толори варзишӣ қадам гузоштам, он танҳо як шавқу ҳаваси кӯдакона буд. Аммо бо гузашти солҳо ба ман аён шуд, ки варзиш танҳо давидан, вазнбардорӣ ва омодагӣ ба мусобиқаҳо нест. Варзиш мактаби тарбияи ирода, интизом ва беҳтарин василаи нигоҳдории ҷисми солим аст. Варзиш сипари боэътимод зидди бемориҳост».

Масъулин ва мутахассисони соҳаи тиб низ таъкид мекунанд, ки машғулиятҳои мунтазами варзишӣ неруи ақлониву ҷисмониро афзун намуда, инсонро аз ҳар гуна бемориҳо эмин медоранд. Адиса Бекназарова, табиб, дар суҳбат бо мо гуфт, ки машғул шудан ба машқи пагоҳирӯзӣ ба мустаҳкам намудани дил ва рагҳои хунгард мусоидат мекунад: «Варзиш барои саломатӣ хеле фоиданок аст. Он гардиши хунро беҳтар менамояд, мушакҳо ва устухонҳоро қавӣ мегардонад, вазни баданро назорат мекунад ва хатари фарбеҳиро кам мекунад. Хулоса, саломатӣ сарвати бузургтарини инсон аст».

Бояд гуфт, ки бо фароҳам овардани имкониятҳо ва ҷалби ҳамаҷонибаи сокинон ба тарбияи ҷисмонӣ мо метавонем ҷомеаи пешрафта, солим ва дорои ояндаи дурахшонро бунёд намоем.