Дар ноҳияи Нуробод ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва навсозии 257 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора то имрӯз 228 иншоот сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар ин бора муовини аввали раиси ноҳияи Нуробод Ҳисориён Зафар ба хабарнигори Радиои Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Ҳисориён Зафар, омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия хуб ба роҳ монда шуда, мавриди истифода қарор гирифтани иншооти гуногун, шинонидани гулу буттаҳои мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабз ба симои маркази ноҳия ҳусни тоза бахшидааст.
Шиору овезаҳои дар кӯчаҳои маркази ноҳия, шаҳраки Дарбанд ва дигар маҳалҳо насбшуда аз наздик шудани ин ҷашни бузург дарак медиҳанд. Ҳамарӯза сокинон ба ҳашар баромада, дар ободонӣ ва пешрафти диёр саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Аз ҷумла, бо ташаббуси сокинон роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардида, бунгоҳҳои тиббӣ, майдонҳои варзишӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд. Ин тадбирҳо дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
