Дар моҳҳои январ–июни соли 2026 сатҳи таваррум 2,4 фоиз-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра сатҳи таваррум асосан аз ҳисоби 2,6 фоиз боло рафтани нархи маҳсулоти озуқа, 1,7 фоиз афзоиш ёфтани нархи маҳсулоти ғайриозуқа ва 3,8 фоиз зиёд гардидани арзиши хизматрасониҳо ташаккул ёфтааст.
Сурайёи Сироҷиддин
радиои «Тоҷикистон»
