ҲАҶМИ ПАРДОХТҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ ДАР КИШВАР ҚАРИБ ДУ БАРОБАР АФЗОИШ ЁФТААСТ

Дар нимсолаи якуми соли 2026 бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ, аз ҷумла кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ, 152 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 38,3 миллиард сомонӣ анҷом дода шуд.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, шумораи чунин амалиётҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 маротиба ва ҳаҷми маблағи онҳо 97,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар хариду хизматрасониҳо ба 41 фоиз расида, нисбат ба нимсолаи аввали соли 2025 13 банди фоизӣ зиёд шудааст.

Бонки миллӣ ин равандро натиҷаи рушди инфрасохтори рақамии низоми бонкӣ, афзоиши истифодаи кортҳои пардохтӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва васеъ гардидани шабакаи терминалҳо ва QR-рамзҳо арзёбӣ мекунад.