Имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулин иттилоъ доданд, ки дар шаш моҳи аввали соли равон 567 гектар заминҳои бекорхобида ва 819 гектар заминҳои лалмӣ ба заминҳои обӣ табдил дода шуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид гардиданд.
Ҳамчунин, як қисми заминҳои қаблан истифоданашаванда, яъне заминҳои партов, дубора барои киштукор омода карда шуданд. Аз 173 гектар чунин заминҳо 169 гектар ба заминҳои обии корам табдил дода шудааст.
Илова бар ин, аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ 128 гектар ба заминҳои корам ва 23 гектар ба боғҳои дарахтони бисёрсола табдил дода шудааст.
Малоҳат Тоҳирова
