ГУФТОР АЗ «ТОҶИКОН»-И Б. ҒАФУРОВ

Дар доираи таҷлили чорабиниҳо бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати иддае аз кормандони шабакаҳои «Телевизиони Сафина», телевизионҳои «Илм ва табиат», «Синамо», Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон», Радиои Тоҷикистон, шабакаҳои радиоии «Садои Душанбе», «Овози тоҷик», олимон, муҳассилон ва соир ҳавасмандон дар боби «Лашкаркашии Искандари Мақдунӣ ба Шарқ» (бар мабнои китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров) маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Ровӣ ҳозирон ва меҳмононро хайрамақдам гуфта, арзишманд будани истиқлолиятро барои мардуми тоҷик ва зарурати ҳифзи онро зикр намуд. Сипас, Давлатшоҳ Маҳмудов, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, перомуни боби «Лашкаркашии Искандари Мақдунӣ ба Шарқ» гузориш дод. Ҳозирон аз шарҳи сода ва равони таърихшиноси шинохта бисёр нуктаҳои норавшанро барои худ равшан карданд. Ин шоҳасар дар тарбияи худогоҳиву хештаншиносии тоҷикон манбаи боэътимодест.

Баъди анҷоми гузориш Акбар Каримов, омӯзгори таълимгоҳи нобиноён, Раҳмон Бобоев, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар алоқамандони маҳфил бардоштҳои худро аз тафсири пурмуҳтавои Давлатшоҳ Маҳмудов доир ба сарнавишти миллати тоҷик, печидагиҳои нокушудаи авроқи рангини таърих ва ихтилофи назари олимон изҳор доштанд.

Маҳфили адабии «Хирадмандон»-и Кумита дар рӯҳияи ватандорӣ ва ҳифозати марзу буми аҷдодӣ ба анҷом расид.

Сипеҳр Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД

роҳбари маҳфили адабии «Хирадмандон»-и Кумита