Дар шаҳри Бӯстон боз як иншооти муҳими хизматрасонӣ — маркази савдои «Амид» мавриди истифода қарор гирифтааст. дар ин бора Маркази матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуд. Таъкид гардид, ки сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ самараи нек дода, соҳибкорон дар навбати худ бо ташаббусҳои созанда дар ободонии шаҳру деҳот саҳм мегузоранд.
Бунёди маркази савдои «Амид» низ маҳз дар ҳамин замина амалӣ гардида, ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулоти хушсифат мусоидат менамояд.
Дар маркази савдои «Амид» зиёда аз 3 ҳазор номгӯи молу маҳсулоти гуногун ба харидорон пешниҳод мешавад. Тибқи иттилои масъулин, беш аз 70 фоизи маҳсулоти ба фурӯш гузошташуда истеҳсоли ватанӣ буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.
Қобили зикр аст, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон 224 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, нақшаи корҳои созандагиву ободонӣ барзиёд иҷро шудааст. Айни ҳол дар шаҳр корҳои сохтмонӣ, навсозӣ ва тадбирҳои ободонӣ дар як қатор иншоот идома дошта, онҳо то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳанд шуд.
