Бо мақсади ба таври доимӣ тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Ваҳдат, низ корҳои ободонию созандагӣ ва ниҳолшинонӣ мунтазам баргузор мегардад. Бо ин мақсад имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр маъракаи ниҳолшинонӣ бо маром идома дорад.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр хабар доданд, ки дар ҳудуди Резервати биосферии Ромити Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат 1000 бех ниҳоли сояафкан, 300 бех ороишӣ ва 200 бех мевадиҳанда шинонида шуд. Бояд гуфт, ки сокинони Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат бо як масъулияти баланду ҳисси ватандӯстӣ иштирок намуда, 1500 бех ниҳолро бо риояи талаботи агротехникӣ шинониданд. Ин иқдом дар асоси иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар шаҳр идома дорад. Гуфта шуд, ки амалисозии чунин тадбирҳо на танҳо ба ҳусни шаҳр зебоии нав зам мекунад, балки барои беҳтар гардидани сифати ҳаво низ муфид мебошад.
Имрӯзҳо сокинони заҳматкаши шаҳр аз рӯзҳои мусоид истифода намуда, дар канори шоҳроҳ ва дигар минтақаҳо шинонидани ниҳолҳои сӯзанбарг, санавбар ва сояафканро тибқи маслиҳати мутахассисон ва қоидаҳои агротехникӣ вусъат мебахшанд. Бино ба иттилои Мақомоти мазкур бо мақсади беҳтар намудани ҳолати санитарӣ-гигении муҳити зист, тозаву озода нигоҳ доштани ҷойҳои чамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон нисбат ба табиат, тибқи нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда аксияи тозагӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар доираи аксияи тозагии атрофи шоҳро ва мавзеъҳои истироҳатӣ пурра тоза карда шуданд.
Сураёи Сироҷиддин
радиои “Тоҷикистон”
