Баррасии ҳамкориҳо дар бахшҳои сайёҳӣ ва осори бостонӣ миёни Тоҷикистон ва Миср

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода бо Вазири сайёҳӣ ва осори бостонии Миср Шариф Фатҳӣ Атийя мулоқот намудааст.

Тавре Сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар додааст, ҷонибҳо бо ишора ба рушди робитаҳо дар солҳои охир ва афзоиши рафтуомад байни Тоҷикистону Миср, ҳарчӣ зудтар омода ва имзо намудани Созишномаи байниҳукуматӣ  оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро, ки дар баррасии Миср аст, муҳим шумориданд.

Дар мулоқот лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни осорхонаҳои ду давлат, ки он ҳам дар баррасии ҷониби мисрӣ қарор дорад, муҳокима карда шуд.