Дар Резервати биосферии «Ромит» беш аз 400 бех ниҳол шинонида шуд

Дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» зимни маъракаи ниҳолшинонӣ  дар Резервати биосферии  «Ромит»  беш аз 400 ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва ороишию мевадиҳанда шинонида шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи асосии маърака тақвияти корҳои ободонӣ, беҳтарсозии вазъи экологӣ, ғанигардонии гуногуннавъии биологӣ ва баланд бардоштани фарҳанги муносибат бо табиат мебошад.

Иштирокдорони  маъракаи ниҳолшинонӣ   бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ниҳол шинонида, таъкид намуданд, ки ҳифзи муҳити зист ва афзун намудани майдони сабзазор вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат аст.

Маъракаи ниҳолшинонӣ қадами устувор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи табиат ва рушди устувори экологӣ арзёбӣ мегардад.