Соли 2026 дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар назар аст, ки зимни ҷаласаи Шуро дурнамои ҳамкории афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, амалӣ намудани барномаҳои байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо — иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гарданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир гардида буд.
Дар кори ин ҷаласа Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок намуда, доир ба масъалаҳои ҳамкории афзалиятноки дуҷониба ва бисёрҷониба пешниҳодҳои судманд баён намуд.
