Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо раиси вилояти Гулистони Эрон

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси вилояти Гулистони Эрон Алиасғари Таҳмосбӣ мулоқот намуд.

Тавре Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар додааст, дар мулоқот Алиасғари Таҳмосбӣ бо ишора ба зарфияти иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангии  вилояти Гулистон омодагии ҷониби эрониро  барои ба  роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманд бо Тоҷикистон ва вилоятҳои алоҳидаи он иброз намуд. Дар ин самт баргузории намоишгоҳҳои молу коло ва нишастҳои фаъолони иқтисодии ду ҷониб муҳим арзёбӣ гардид.

Раиси вилояти Гулистон ҳамчунин барои иштироки ҳайати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 17-ум Ҷашнвораи фарҳанги ақвоми Эронзамин, ки аз бузургтарин ҷашнвораҳои фарҳангии Эрон буда, имсол  аз 16 то 19 декабр дар маркази вилоят – шаҳри Гургон баргузор гардид, изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки барномаи фарҳангии Тоҷикистон мавриди писанд ва истиқболи гарми иштироккунандагони ҷашнвора қарор гирифт.