Имрўзҳо тақсими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома” ба аҳолии Тоҷикистон, ки бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.
Тақсими ин тӯҳфаи пурарзиш тибқи нақшаи МИҲД ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, то имрўз ба 26 ҳазору 622 хонавода аз ҷониби гурӯҳи корӣ тақсим карда шуд ва ҷиҳати расонидани боқимонда китобҳо корҳои амалї идома дорад. Дар ин хусус Аҳмад Зоҳидзода мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгохи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба хабарнигори радиои «Тоҷикистон» иттилоъ дод.
Ба маълумоти манбаъ, ин иқдоми неку фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо мақсади таҳкими худшиносӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва боло бурдани завқи мутолиа дар байни аҳолӣ ба роҳ монда шудааст, аз ҷониби сокинони ноҳия бо самимият ва эҳсоси баланди ифтихор пазируфта мешавад. Ва оилаҳое, ки китобро дастрас намудаанд, изҳор доштанд, ки «Шоҳнома» ҳамчун ганҷинаи безаволи таъриху адабиёти тоҷик дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгон нақши муҳим дорад.
Ба зикри масъулин тақдими «Шоҳнома» ба ҳар хонавода идомаи тадбирҳои пайвастаи давлату Ҳукумат дар самти ҳифз ва гиромидошти арзишҳои миллӣ, эҳёи худшиносии таърихӣ ва таҳкими пояҳои фарҳанги миллӣ мебошад.
Ин иқдоми наҷибу камназири Пешвои маърифатпарвари миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он, пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”
