ШАБИ ЯЛДО ВА ИДИ САРИ СОЛ

Шаби тавлиди Офтоб дар мардумони зиёди олам вобаста ба эътиқоду оин бо ҳар унвон шуҳрат дорад. Дар “Луғатномаи Деҳхудо” шарҳ меёбад, ки: “Чун шаби ялдоро ба милоди Масеҳ тадбиқ мекардаанд, аз ин рӯ бад-ин ном номидаанд.” Андешае паҳншуда муҷиби дар адабиёт маъмул гардидани афкори зайл шуд.

Гӯё ба милоди Масеҳ тааллуқ дорад, ки дар 25 –уми декабр тасбит шуда ва онро масеҳиён дар қарни чаҳоруми милодӣ пазируфтанд. Ва ҳазрати Исоро чисми латифу пок донистаанд, ки дар гетии тираву зулмонӣ ба дунё омадааст. Ба ҳамин ишора мекунад Амир Муиззӣ, ки мегӯяд:

Ту ҷони латифиву ҷаҳон ҷисми касиф аст,

Ту шамъи фурӯзандаву гетӣ шаби Ялдо”.

Магар ҳамон таълимоти интиқолёфтаи зардуштӣ дар ситоиши Офтоб нест, ки латифу покест ва ба рағми дунёи зулмонӣ зода шуда. Ҷараёни омӯзиш муқаррар мекунад, ки ҳамин гуна нусхабардориҳо дар тафаккури Ғарб фаровонанд. Дар осиёби эшон обрезҳо аҳли адаби Шарқ буданд. Дар ҳамин мавзуъ байте аз Сайфи Исфарангӣ шуҳрат дорад, ки муҷиби баландмақом шудани суханашро аз каломи муқаддас ва сабаби дарозномии Ялдоро ба Масеҳ пайвандӣ медиҳад:

Суханам баландном аз сухани ту гашт шояд,

Ки дарозномӣ аз номи Масеҳ ёфт Ялдо.

Ялдо – шаби ҳафтуми даймоҳи ҷалолӣ, аввали зимистону шаби охири поиз аст, ки дарозтарин шабҳои сол аст ва дар он шаб ва ё наздик бад-он офтоб аз бурҷи Қавс ба бурҷи Ҷаддӣ (Бузғола) таҳвил мекунад ва қудамои онро (шабро) сахт шум ва номуборак меангоштанд. Вале он ғаму ранҷи тулонӣ набувад, ки пас тавақуфи кутоҳмуддат офтоб зуҳур мекунад ва рушаниаш бештар хоҳад гардид. Дар баъзе сарчашмаҳо Ялдоро аз чокарони Исои Масеҳ мешуморанд. Чуноне дар осори Саноӣ низ ба он ишора шудааст:

Ба соҳибдавлате пайванд агар номе ҳамеҷӯӣ,

Ки аз як чокари Исо чунон маъруф шуд Ялдо.

Аммо ин ҳама тафаккури пас аз исломист. Ончуноне дар замони сотсиалистӣ ҳамаро хостанд аз сари нав оғоз кунанд, чи гузашта ба муроди дилашон набуд, дар тафаккури замони исломӣ ҳамин дигаргуниро хостор буданд. Чаро ба номи Исо ва чокари ӯ Ялдоро нисбат медоданд? Ин ҷо мешавад аз чанд омил тахмин зад. Агар муқовимати усулиро сода бигирем: арабу яҳуд аз қавмҳои сомианд ва бародар; умумияте дар китобҳои муқаддас доранд ва паёмбаронашон маълуму маъруфанд; бо ҳамин аз муғпарастон дида ба мусулмонон Исову Мусо қаринтар буданд, ки дар Қуръон ҷойгоҳ доштанд; бовару ҷаҳонбинӣ ва таълимоти эшон аз як сарчашма об мухӯрд. Меҳрпарастӣ ва оини Зардуштӣ дар қутби мухолиф меистод. Дар миёни 124 ҳазор паёмбар Зардушт шинохта нашуд, чӣ расад ба Меҳрпарастӣ. Аз тарафи дигар Меҳрпарастӣ ба таърихи дуру дароз ва донишҳои ғуншуда далолат мекард, ки эътирофи таърихи пешини рақибони ислом низ буд. Ва ғояварзони мусулмон ривоятҳои ҳамсонеро, ки дар ақвоми сомӣ фаровон буданд, метавонистанд ба ҳам бичаспонанд. Аммо бо муғон, ки ба истилоҳ “тираку дастак”-и дигар доштанд, созиш кардан муҳол буд.

Аврупоиён низ бардоштҳое зиёде аз анъана ва таълимоти Меҳрпарастӣ карданд, ки пеш аз ҳама ба эътиқод ва гавҳари парастиш ва омилҳои сиёсию иҷтимоӣ дар робита буданд. Нахуст асароти дину оин ва манбаи эътиқод аз замони Куруши Кабир ба Аврупо оғоз шуда, то аҳди Ашкониён ва Сосониён идома дошт. Ин амри табиӣ буд, чи дар ҷодаи тақвимсозӣ руҳониён дар сафи пеш меистоданд. Нахуст давлатдорон аз адён вобаста буданд ва марказҳои омӯзиш маъбаду савмаа, калисову куништ буду пажуҳандагони асрори кайҳон коҳинону мӯбадону усқуфу дигар диндорон. Ҳамин падида дар Мисри қадим ҳам мушоҳида мешуду дар Байнаннаҳрайн ҳам.

Ба ҳар ҳол сабаби дар як вақти муайян қарор гирифтани рӯзу моҳи тавлиди Офтоб ва тавлиди Исо аз чист? Чаро калисои Бизонт (Византӣ) гавҳари оини Митроистиро пазируфт. Барои дарки осонтари мавзуъ мебояд ба солшумории милодӣ таваҷҷуҳ намоем. Ҳамакнун дар ҳисоби мо соли 2024 ҳукми равон дорад, ки аз тавлиди Исои Масеҳ гирифта шуда, оғозаш якуми январ аст. Оё ҳисоби дақиқ аст ва дар ҳамин рӯз Исо ба дунё омад? На! Якуми январ зодрӯзи дақиқи ҳазрати Исо нест. Ҳисоби шартию тахминист. (То ҳанӯз баҳс атрофи он идома дорад. То қабули тақвим зодрӯзи Исоро якуми март мепиндоштанду аз асри Х калисои Бизонтӣ зодани Исоро якуми сентябр.) Ҳамин тақвим соли 1582 аз тарафи калисои католикӣ бо сарвари Падари муқаддас Григори Х111 ҷорӣ карда шуд. Зеро дар ҳисоби юлианӣ ғалатҳо ба 10-12 рӯз баробар буд. Солшумории қаблӣ бо номи императори Рум Юли Сезар дар иртибот буд, ки ба Сосиген амр дод бенизомиҳоро дар фосилаҳо аз байн бубарад. Бенизомиҳо дар рост наомадани фаслҳо, вақту соати андозчинӣ, рӯзҳои пирӯзию бохт дар ҷанг, бозиҳои варзишӣ мунъакис мегардид.Чуноне ин амри роиҷ ба соли 47 -ум рост меомад, ки аз 432 рӯз иборат ва ҳанӯз ҳазрати Исо зоида нашуда буд. Моҳи январ ба Худои Янус бастагӣ дошт, ки аз парастаҳои хеле куҳани румӣ ба шумор мерафт. “Ва чун эзади дару дарвозаҳо ва даромаду баромад шинохта мешуд, ҳар рӯзи моҳ бо ситоишу ниёиши Янус оғоз мешуд. Ҳангоми суҷуду муноҷот бар худоён номи Янус нахустин буд ва Сезар ин моҳро ибтидои соли нав эълон дошт.”

Калисои насронӣ асрҳо бар набарди бутпарастӣ пайкор орост, вале бар муроду мақсадаш нарасид. Зеро мардум ҳич аз базмҳои гурӯҳӣ, арғуштҳои дастҷамъона ва анъанаҳои пешин даст намекашид. Дар зоҳир насроният бар таълимотҳои пешин чира мешуд, вале аз оростани сарву арча ва дигар одатҳое, ки ба Меҳрпарастӣ алоқаманд буд, раҳоӣ намеёфт. Дар ин сурат ба созиш гом бардошт ва ҳар чизе, ки ба оини ориёӣ буд, чун моли дини худ ҷилва дод. Чуноне гуфта шуд, эрониҳои куҳан Меҳрро наҷотбахши инсонҳо аз балоҳои заминию осмонӣ медонистанд ва чанд хосияти дигар, ки ба дарди насроният мехӯрд.

Варақе қабл ишора кардем, ки Ноҳид (Аноҳита – бокира, пок) Митраро зоид. Ҳамчунон Марями пок Исоро. То тавлиди Исо ҳич як дини дигаре дар сурати Меҳр инчунин хосият надошт. Яқинан Меҳр барои пазироӣ беҳамто буд. Бо ҳамин маҷбур шуд қисматҳои бунёдии Меҳрпарастӣ ва сифатҳои ӯро ба Исо нисбат бидиҳаду рӯзи мавлуди Офтоб – 25-уми декабрро тавлиди Исо муқаррар намояд, ки ҳамон Cristmas аст. Бо ин насрониҳо ба ҳадафҳои муқарраркардаи худ ноил шуданд:

— Оғози солро, ки дар чорчубаи ягон ҳисоби астрономӣ ва иҷтимоӣ мувофиқ набуд ба сомон биёранд. Дар назар аст мувофиқати оғози сол бо инқилоби офтоб, ки ба дарозшавии рӯз мусоидат мекунад ва муқаррар намудани андоз, ки сабаби асосии пайдоиши тақвимҳост.

— Ҷойгоҳ ва мартабаи Офтобро, ки асоси таълимоти эрониён буд, соҳиб шаванд.

Ҳарчанд аҳли насоро муҷиботи муқаддасоти якуми январро ба офариниши одам нисбат медиҳанд, вале тафсири дигаргуна низ доштанд. Бино ба шарҳи калисои католикӣ аз тавлиди Исо, ҳашт рӯз гузашт, ҷашни маъмул оғоз мешавад. Ва ин рӯзи номгузории ҳазрати Исост. Дар “Инҷил аз Луқо” омадааст: “Бо гузашти 8 рӯз, ки хатнаи навзод ба вуқуъ пайваст, номаш ниҳоданд Исо.” Ҳамон тавре ки мебинем иди сари сол ҳич иртиботе ба Аврупоиён надоранд, балки ҳамон ҳисоби ниёгони мост, ки ба тарзи дигар маънидод мешавад. Аз эҷоди яҳудиён низ нест. Чи китоби муқаддасашон “Аҳди қадим” рӯзи аввали Тишри – якуми сентябрро сари сол мешуморад. Ба қавли Абурайҳон Берунӣ: “Рӯзи аввали Тишрӣ иди оғози сол аст ва дар ин рӯз яҳудиён дар буқҳову шохҳо медаманд ва кор кардан дар ин рӯзро раво намедоранд, чунон ки дар рӯзҳои шанбе кор кардан сазо нест.”

Дар Аврупо низ ҷашни соли нав ба тартибе, ки мавҷуд аст, хеле баъд сурат гирифт. Чуноне ин ид дар Фаронса то соли 1448 аз Пасха, дар Британия то соли 1550 аз 25 –уми декабр, дар Флоренсия то соли 1745 аз 25 -уми март, дар давлати Рус то соли 1492 аз якуми март, пасон то соли 1699 аз якуми сентябр ҷашн гирифта мешуд.

Натиҷа чунин аст, ки иди сари сол барои мо бегона набуда, дар бунёди он ниёгонамон ба василаи Меҳрпарастӣ саҳм гирифтаанд.

Ҷонибек Асрориён, фарҳангшинос