ДАР ДУШАНБЕ КОНГРЕССИ НАВБАТИИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ШУД

Имрӯз, 20 декабр дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza»-и шаҳри Душанбе Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Рӯзномаи Конгресс аз масъалаҳои зерин иборат буд:

▪️ Тасдиқи протоколи қаблии Конгресси Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2024;

▪️ Ҳисобот дар бораи фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2025;

▪️ Ҳисоботи фаъолияти молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2024;

▪️ Тасдиқи буҷаи Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2026;

▪️ Ҳисоботи аудитори мустақил дар бораи ҳисоботи молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2024.

🔹 Қобили зикр аст, ки дар Конргесси ФФТ соли 2026 Соли инфрасохтори футболӣ эълон шуд.

Намояндагони ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё дар Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок намуданд.