Мулоқоти вазирони фарҳанги Тоҷикистону Покистон

Дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар, мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Покистон сурат гирифт. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бо мақсади рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаи фарҳангу санъат ҳавасамандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни муассисаҳои таълимӣ, инчунин омода намудани мутахассисони касбӣ ва мубодилаи таҷриба изҳори назар намуданд.