Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ба кор даъват мекунад

Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо (МТЛТР)-и назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби мутахассисони соҳибихтисос ва касбӣ дар соҳаи роҳсозӣ озмун эълон менамояд.

РӮИХАТИ ВАЗИФАҲОИ ХОЛИИ КОРИИ МАРКАЗИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ТАҶДИДИ РОҲҲО   

ба ҳолати 01.09.2025.

р/тШумораи ҷойҳои холии корӣНомгӯи вазифаҳои холии корӣМузди меҳнат бо асъори хориҷӣ (USD) 
Лоиҳаи “Роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод” қитъаи 1
11-ҷойҲамоҳангсози лоиҳа1000,00 
21-ҷойМутахассис оид ба идоракунии шартномаҳо800,00 
31-ҷойМутахассис муҳандис купруксоз800,00 
Лоиҳаи “Роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод” қитъаи 2
41-ҷойСармутахассиси молиявӣ900,00 
51-ҷойТарҷумон700,00 
Лоиҳаи “Роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод” қитъаи 3
61-ҷойСармуҳандис1000,00 
71-ҷойСармутахассиси молиявӣ900,00 
81-ҷойМутахассис/ муҳандис роҳсоз800,00 
91-ҷойМутахассис/ муҳандис купруксоз800,00 
Лоиҳаи “Устувории шабакаи роҳҳо-маблағгузории иловагй” (Бохтар-Левокант-Оқмазор)
101-ҷойСармутахассиси молиявй800,00 
Лоиҳаи “Устувории шабакаи роҳҳо” қитъаи Б, Оқмазор — Данғара
111-ҷойМутахассис/муҳандис роҳсоз800,00 
Лоиҳаи намоишӣ оид ба сохтмони “Долони Сабз” роҳи автомобилгарди Данғара-Гулистон
121-ҷойМуовини Директор1100,00 
Лоиҳаи “Устувории шабакаи роҳҳо” қитъаи А (Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт 
131-ҷойҲамоҳангсози лоиҳа1000,00 
141-ҷойМутахассис-коргузор800,00 
151-ҷойАссистент500,00 
161-ҷойАссистент500,00 

ХОҲИШМАНДОН метавонанд аз рӯи талаботҳои зерин ҳуҷҷат пешниҳод намоянд.

Талаботхо барои ишғоли вазифаҳои холӣ:

Барои ишғоли вазифаи холии корӣ сармуҳандисй Марказ, маълумоти олӣ соҳавӣ, дорои собиқаи корӣ дар соҳа на кам аз 10-сол ва ё собикаи умумии корӣ 13-сол дошта бошад, бо забонҳои хориҷй русӣ ва англисӣ озодона ҳарф зада тавонад ва маҳорати роҳбарӣ низ дошта бошад. Барои ишғоли вазифаи холии муовини Директори иҷроия маълумоти олй соҳавӣ, дорои собиқаи корй дар соҳа на кам аз 7-сол ва ё собиқаи умумии корй 10-сол дошта бошад, бо забонҳои хориҷӣ русӣ ва англисӣ озодона ҳарф зада тавонад ва маҳорати роҳбарӣ низ дошта бошад. Барои иштоли вазифаи холии ҳамоҳангсози лоиҳа маълумоти олии соҳавӣ, дорои собиқаи корӣ дар соҳа на кам аз 5-сол ва ё собиқаи умуми корй 7-сол дошта бошад, бо забонҳои хориҷӣ русй ва англисӣ озодона ҳарф зада тавонад ва маҳорати роҳбарӣ дошта бошад.

Барои ишголи вазифаи холии сармутахассиси молиявӣ, мутахассисон маълумоти олии соҳавӣ, дорои собиқаи корӣ дар соҳа на кам аз 3-сол ва ё собиқаи умумии корй 5-сол дошта бошад, бо забонҳои хориҷӣ русй ва англисй озодона ҳарф зада тавонад.

Барои ишголи вазифаи холии ассистент ва тарҷумон маълумоти олии соҳавӣ дошта бошад, забонҳои хориҷии русӣ ва англисиро донад.

Фаҳмиши қонунгузоириҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад.

Донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) дар озмун бартарият дода мешавад.

Эзоҳ: шартнома байни корфармо ва корманд дар асоси сархати 4 банди 1 моддаи 25-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати муайян (то анҷоми сохтмони лоиҳа) баста мешавад.

ҲУҶҶАТҲОИ ЛОЗИМА:

Ариза ба унвони Директори иҷроияи Марказ;

Варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

Тарҷумаи ҳол;

Нусхаи диплом;

Расми 3×4 — 6 дона;

Дафтарчаи меҳнатй (агар набошад нусхааш);

Нусхаи шиноснома;

Нусхаи гувоҳнома РМА;

Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ №038;

Нусхаи корти суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

Маълумотномаи СМИТ ВКД (оид ба доги судӣ надоштан);

Нусхаи билети ҳарбӣ (агар дошта бошад).

Суроға: ш.Душанбе, кӯч.Айнӣ 14, ошёнаи 4-уми Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тел: 222-20-76.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: аз рӯзи нашри эълони якум 21рӯзи тақвимӣ.