Вулкани Крашенинников пас аз 600 сол дубора хуруҷ намуд

Дар нимҷазираи Камчаткаи Федератсияи Руссия аввалин хуруҷи вулкани Крашенинников ба қайд гирифта шуд. Охирин маротиба ин вулкан тақрибан соли 1550 хуруҷ намуда буд.

Пажӯҳишгоҳи вулқоншиносӣ ва сейсмологияи Академияи илмҳои Русия хабар медиҳад, ки чангу хокистари он ба баландии 5-6 километр паҳн гардидааст. Дар робита ба ин вазъият Мақомот дараҷаи сурхи хатари ҳавопаймоиро эълон кардааст.

Крашенинников як қисми камарбанди вулкани шарқии Камчатка буда, тақрибан 200 километр дуртар аз маркази маъмурии вилоят Петропавловск-Камчатский ҷойгир аст.