5-уми август «Явми истеҳсоли Кашмир» ЧАРО ҲИНДУСТОН КАШМИРИЁНРО ФИРЕБ ДОД?

5 августи соли 2019 Ҳукумати Ҳиндустон моддаи 370 Конститутсияи Ҳиндустонро бекор кард. Ин модда соли 1949 қабул шуда, ба Ҷамму ва Кашмир мақоми махсуси мухторият додааст. Доираи ин иқдомро баҳо додан ғайриимкон аст. Лағв кардани моддаи 370 ба оташи бӯҳрони деринаи Кашмир равған рехта, барои сокинони сершумори ин водӣ оқибатҳои ногувор оварда метавонад. Кашмир як қисми нотамоми нақшаи тақсимоти нимҷазираи Ҳинд аст.

«Ҳуҷҷат дар бораи ҳамроҳшавӣ»-е, ки гўё Махараҷа Ҳари Сингҳ моҳи октябри соли 1947 имзо карда буд, як навъ фиреб буда, зери фишори Ҳукумати Ҳиндустон имзо шудааст. Дар моҳҳои ноябр—декабри соли 1947, вақте ки қушунҳои озодкунандаи Кашмир шаҳру қишлоқҳои ин водиро як ба як аз зулми қушунҳои истилогари Ҳиндустон озод карданд, Ҳукумати ҳамонвақтаи Ҳиндустон масъалаи ҳал кардани Ҷамму ва Кашмирро ба муҳокимаи Шурои Амнияти Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида пешниҳод кард.   

Шурои Амният фикру мулоҳизаҳои ҳар ду ҷонибро шунида, 21-уми апрели соли 1948 эъломияи №47-ро қабул намуд ва бо мақсади муайян кардани иродаи мардуми Кашмир гузаронидани раъйпурсиро талаб намуд. Мутаассифона, ин талаботи Шурои Амнияти СММ то ҳол амалӣ нашуда мондааст. Моддаи 370 ба сокинони Кашмир имкон медод, ки ғайр аз робитаҳои хориҷӣ ва мудофиа дигар масоилро мустақилона ҳал намоянд. Тибқи моддаи мазкур бегонагон ба гирифтани замин аз Кашмир ҳақ надоштанд.

Моддаи 35А бошад, ҳолати махсуси конститутсионӣ буда, мақоми мухторияти Кашмирро таҳким мебахшид. Ин модда ба сокинони аслии Кашмир як қатор ҳуқуқу имтиёзотро пешбинӣ карда буд.

Ҳукумати Ҳиндустон бо сарварии Нарендра Моди моддаҳои мазкурро лағв (бекор) намуда, мақоми ҳудудии минтақаи баҳсии серҳарбитарин мавзеи сайёраро якҷониба тағйир дод. Аз ин рӯ, сокинони Кашмир ҳамарӯза бо маҳдудияти озодии сухан ва ҳаракат намудан дучор меоянд. Инчунин, аз ҷониби мақомоти интизомии Ҳиндустон мавриди таҳқиру озор қарор мегиранд.

Ҳамин тавр, барои мусулмонони кашмирӣ, ки дар водии Кашмир аксарро ташкил медиҳанд, бекор кардани моддаи 370 як навъ фоҷиа аст. Сокинони водии Кашмир, ки аз зулми 78-солаи ҳукуматдорони Ҳиндустон ба ҷон омадаанд, мехоҳанд аз сабаби наздикии мавқеи ҷуғрофӣ ва ягонагии дину мазҳаб ба Покистон ҳамроҳ шуда, озод нафас кашанд.

Тибқи эъломияи №47-и Шурои Амнияти СММ роҳбарияти собиқи Ҳиндустон, аз ҷумла Маҳатма Ганди, Ҷаворҳирлаъл Неҳру ва дигарон ваъда дода буданд, ки  барои муайян кардани иродаи мардум оиди ҳамроҳ шудани Кашмир ба Ҳиндустон ё Покистон раъйпурсӣ гузаронида хоҳад шуд. Мутаассифона, бо мурури вақт ва ивазшавии роҳбарияти Ҳиндустон ин кишвар иродаи сиёсии худро тағйир дода, бе ягон  асос Кашмирро ҷузъи ҷудонашавандаи Ҳиндустон номид. Яке аз баҳонаҳои асосии Ҳиндустон ин аст, ки гӯё эъломияи вобаста ба Кашмир қабулнамудаи Шурои Амният кӯҳна шуда, аз қабули он беш аз 70 сол сипарӣ шудааст. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки агар эъломияи қабулнамудаи Шурои Амнияти СММ кӯҳна шуда бошад, таъсиси СММ аз он ҳам собиқаи бештар дорад. Пас метавон гуфт, ки ин созмони  бонуфуз низ кӯҳна шудаасту дигар қобили эътимод нест???

Сарвазири нахустини Ҳиндустон Ҷавоҳирлаъл Неҳру дар номааш ба сарвазири Покистон аз 21 ноябри соли 1947 чунин навишта буд: «Тақдири ояндаи Кашмир ва масъалаи ҳамроҳшавии он бояд бо роҳи раъйпурсӣ зери  назорати мақомоти байналмилалӣ, масалан СММ ҳал карда шавад».

Дар барқияи Неҳру ба Сарвазири Покистон аз 12 декабри соли 1947 бошад, чунин таъкид шудааст: «Ман иқрор мешавам, ки ғайр аз пешниҳоди қаблан ироанамудаам чизи дигаре пешниҳод карда наметавонам. Яъне, муроҷиат кардан ба СММ оид ба фиристодани нозирони бетараф барои машварат додан оиди раъйпурсӣ».

То ба сари ҳокимият омадани Нарендра Моди ягон роҳбари Ҳиндустон ба мақоми махсуси Кашмир кордор нашуда буд. Танҳо Моди бинобар амбитсияҳои сиёсии худ қарор дод, ки статуси конститутсионии Кашмирро тағйир диҳад. Ӯ бо мақсади хушнуд сохтани  ҷонибдоронии ҳиндуизм ҳар чӣ  бештар пайравони дини ҳиндуияро дар водии Кашмир ҷой дода истодааст. Бо ин рафтораш Моди мехоҳад нишон диҳад, ки ҳизби ӯ нисбат ба Кашмир ва Покистон мавқеи  шадидро ишғол намудааст.

Мувофиқи Конститутсияи Ҳиндустон моддаи 370 бояд танҳо бо розигии Ҳукумати иёлоти Кашмир тағйир дода мешуд. Аммо то қарори ғайриқонунии Моди тӯли як сол дар Ҳиндустон ҳукумат фаъолият намекард.

Истеъфои вазири ҳукумат ва Муфтии Кашмир як бахши стратегияи Ҳукумати Ҳиндустон мебошад, ки барои қабули қарори ғайриқонунии 5-уми августи соли 2019 қабулнамуда замина фароҳам овард.

Коршинос оид ба ҳуқуқи конститутсионӣ аз Мумбай А.Г. Нуронӣ дар ин хусус чунин мегӯяд: «Ин қарори ғайриқонунии ҳукумати Ҳиндустон баробар бо қаллобист, ки мумкин аст дар Суди Олӣ ба баҳс кашида шавад».

Ҷумҳурии Исломии Покистон ба ҳайси ягона шунавандаи садои мусулмонон ва кашмириёни Ҳиндустон аз аввал қатъиян ба қарори қабулнамудаи Ҳукумати Ҳиндустон зид баромада, ин масъаларо дар тамоми форумҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва Созмони ҳамкории исломӣ ба миён гузоштааст.

Покистон бори дигар дар бораи дастгирии озодии сокинони аслии Кашмир, ки қурбони сиёсати золимонаи мақомоти интизомии ҳиндустонӣ гардидаанд, садо баланд кард.

 Роҳбарият ва мардуми Кашмир амали ғайриқонунии Ҳиндустонро оиди бекор кардани моддаҳои 370 ва 35А, ки ба хотири  найрангҳои сиёсӣ тасмим гирифта шуда, азобу дарди кашмириёнро афзун кардааст, маҳкум намуданд.

Тибқи мушоҳидаҳои созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ сокинони Кашмир аз 5-уми августи соли 2019 бо маҳдудияту мушкилиҳои зиёде дучор гардидаанд. Ба доди кашмириёни азияткашида кӣ мерасад?