Рӯзи Ваҳдати миллӣ— яке аз ҷашнҳои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамасола санаи 27 июн баргузор ва ҷашн гирифта мешавад ва дар ин рӯз бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир мегарданд.
Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо рӯҳияи баланди эҷодӣ, созандагию бунёкори Рӯзи Ваҳдати миллиро дар кишварамон ба хушнудӣ истиқбол менамоянд. Онҳо кӯшишу ғайрати хешро баҳри боз ҳам тинҷу обод гаштани кишвари азизамон, баҳри саҳми хешро дар таъмини амнияти озӯқавории Тоҷикистон гузоштан, софдилона ба корҳои илмиашон банд мебошанд. Дар ин ҷо мехоҳам дар бораи дастоварҳои илмии олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АМИТ барои дӯстдорони Радиои Тоҷикистон каме маълумот пешниҳод намоям.
Дар муддати солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пойдор гардидани сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон, олимони тоҷик зери ҳидоятҳо ва ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистаанд, ки якчанд кашфиётҳои арзишманди хешро ба даст оварда, онҳоро барои пешрафти иқтисодиёти мамлакатамон дар истеҳсолот ҷорӣ намоянд.
Дар ин муддат олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АМИТ тавонистаанд, ки навъҳо ва тухмиҳои солиму сифаташон баланд зироатҳои картошка, гандум, пахта, лубиёгиҳо, сабзавотиҳоро ба деҳқонону фермерон пешниҳод намоянд.
Дар институт ҳоло намунаҳои арзишманди зироатҳои кишоварзиро, бо истифода аз усулҳои генетикӣ, селексионӣ ва биотехнологӣ ба даст оварда шудаанд, ки онҳо ҳамчун генофонди зарурӣ минбаъд дар корҳои ба даст овардани намунаҳо ва навъҳои серҳосили зироатҳои гуногуни кишоварзӣ истифода мегарданд. Дар ин ҷодда олимон – биологҳои институт бо бештар аз 400 намуду навъҳои растаниҳои ѓизоӣ ва табобатӣ, инчунин ба тағйирёбии иқлим ва ба шароитҳои номусоиди боду ҳаво устуворро ба даст овардаанд, ки онҳо ҳоло дар майдони бештар аз 10 ҳазор га кишт меграданд ва аз кишти онҳо ҳосили баланд рӯёнида мешавад.
Дар оянда ҳам олимони Институт дар ҳамкорӣ бо олимони Академия илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, бо олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, бо Вазорати кишоварзӣ ва ташкилотҳои шарикии рушд, боз ҳам корҳои тадқиқотии назариявӣ ва амалиро ҷоннок намуда, дар таъмини амнияти озӯқавории мамлакат ва пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистони азизамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ, доктори
илмҳои кишоварзӣ,
профессор, корманди АМИТ
.