Идомаи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе

Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе идома дорад. Озмуни мазкур то 25  — уми июни соли равон идома карда, дар он иштирокчиён аз руи панҷ наминатсия, навозандагӣ, сарояндагӣ, оҳангсозӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн истеъдод ва маҳорати худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд.

Давоми 6 сол мешавад, ки дар сар то сари кишварамон Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бар гузор мегардад. Имсол дар даври шаҳрии озмун аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе 368 нафар довталаб иштирок менамоянд, ки нисбат ба соли гузашта 20 нафар зиёд аст. Фурқат Саид аъзои ҳакамони озмун зимни суҳбат ба мо гуфт, ки нисбат ба солҳои қаблӣ имсол иштирокчиён хеле фаъол ҳастанд ва мо дар замири онҳо санъаткорони касбии ояндаро мебинем.

Бояд гуфт, ки барои ҳавасманд гардонидани ғолибони даври шаҳрии озмун аз ҷониби МИҲД шаҳри Душанбе зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Абдунабӣ Юсуфзода донишҷӯи соли охири Кансерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз рӯи наминатсияи навозандагӣ мебошад. Ӯ аз баромади имрӯзаи худ қаноъатманд буда, умедваор аст, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ меёбад.

Бояд гуфт, ки наминатсияи дизайни Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ба лоиҳакашону дизайнерони ҷавон имконият додааст, ки лоиаҳои худро пешниҳод карда, доираи маълумотҳои худро васеъ гардонанд. Суннатулло Ҳусейнов донишҷӯи курси 5 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ иштирокчии озмун аз наминатсияи дизайн мебошад. Ӯ дар озмун лоиҳаи бино барои кормандони ширкатҳои ID — ро пешниҳод кардааст, ки он аз 16 ошёна иборат аст.

Ёдовар мешавем, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилотиолии касбӣ, ходимони илмӣ ва эҷодӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, инчунин колеҷи санъат, колеҷи рассомӣ ва муассисаҳои олии касбӣ, гурӯҳҳои касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги вилоят ва шаҳру ноҳияҳо метавонанд ширкат варзанд.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои “Тоҷикистон“