БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ КИШОВАРЗӢ ДАР ЗАМОНИ ТАЛАФОТИ ПИРЯХҲО

Дар доираи баргузории Конфронси сатхи баланд оид ба хифзи пиряхҳо дар меҳмонхонаи Хаят Реҷенсии шаҳри Душанбе форуми байналмиллалӣ дар мавзӯи «Кишоварзӣ дар замони талафоти пиряхҳо. Мубориза бо хушксолӣ, обхезӣ ва секвестрияи карбон ва устуворӣ дар минтақаҳои вобаста ба пиряхҳо оғоз гардид.

Иштирокчиёни ҳамоиш зимни изҳори назари худ қайд карданд ки имрҳз тағйирёбии иқлим сабаби бисёр офатҳои табиӣ мегарданду мубориза бо онҳо ҳушдор барои инсоният аст.

Ҳамоишро Агаси Аратюнян и.в. Намояндаи ФАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни ҳамоишро бо оғози чорабинии муҳим Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо табрику таҳният намуда, нақши онро дар ҳалли проблемаҳои глобалии ҷахонӣ дар самти захираҳои об назаррас арзёбӣ намуд.

Сипас намояндагони дигар давлатҳо аз қабили Бу Жимин директори Департаменти ҷангал дар Сардафтари ФАО, Адҳам Мусаллам Диреутори БОЧ дар Тоҷикистон, Нигина Анвари муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Латифзода Ҳотамшо Латиф муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ерган Нисанбоев вазири экология ва захираҳои табиӣ ва Ҳамоҳангози сиёсии Фонди глобалии экологии Қазокистон, Аманкулов Мирслав муовини вазири захираҳои табиӣ, экология ва назорати техникии Ҷумҳурии Қирғизистон, Кайрат Мухаммедов Директори Маркази давлатии ташхиси экологияи Ҷумҳурии Узбекистон ва Хусрав Нозири Сафир Ёвари Директори генералии Созмони Исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ баромад намуда, нуқтаи назари худро оид ба масьалаҳои матраҳшавандаи ҳамоиш баён намуданд.