Форуми байналмилалии кӯдакон ва ҷавонон оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе идома дорад

Душанбе, Тоҷикистон — Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, Форуми байналмилалии кӯдакон ва ҷавонон таҳти унвони «Тавонмандии наслҳои оянда: садоҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва иқлим» дар меҳмонхонаи «Ҳилтон»-и шаҳри Душанбе идома дорад.

Дар чорабинӣ намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва мақомоти баландпояи кишвар ширкат доранд. Аз ҷумла, Зиёзода Сулаймон — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рамундас Кароблис — намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Кэтрин Рассел — директори иҷроияи ЮНИСЕФ, ки бори аввал ба Осиёи Марказӣ ташриф овардааст, меҳмонони фахрии форум ба шумор мераванд.

Форум бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, таъмини иштироки фаъоли насли наврас дар ҳалли масоили тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баргузор гардида, платформаест барои табодули андешаҳо, пешниҳодҳои инноватсионӣ ва ташаккули сиёсатҳои ҷавобгӯ ба ниёзҳои оянда.

Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки насли ҷавон бояд ба маркази тадбирҳои иқлимӣ табдил ёбад, зеро ҳифзи пиряхҳо ва таъмини устувории муҳити зист на танҳо масъалаи имрӯза, балки уҳдадории умумӣ барои фардо мебошад.