Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15-17 марти соли 2025 ба Федератсияи Русия сафари расмӣ анҷом медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи сафар ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, амниятӣ, инчунин мавзуъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб баррасӣ хоҳад шуд.
Дар назар аст, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳои сарони давлатҳо як қатор санадҳо ба имзо расад.
АКС аз бойгонӣ