Рӯзи 12 марти соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш ва Нуробод муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояту ноҳияҳои мазкур дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 баргузор гардид.
Қайд гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии вилояту ноҳияҳо ба инобат гирифта шаванд. Дар ин раванд аз ҷониби Сардори Раёсати рушди иқтисод савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд — Ҳакимзода Ҳаким Карим, Муовини якуми Раиси ноҳияи Рашд – Шарифзода Ҳамдулло Ҳоҷӣ, Муовини якуми Раиси ноҳияи Тоҷикобод – Ҳасани Давлатхоҷа, Муовини Раиси ноҳияи Лахш – Ҷабборзода Муқим Амон, Муовини якуми Раиси ноҳияи Нуробод — Шоҳиён Маҳмад Бала ва Муовини якуми Раиси ноҳияи Сангвор – Муҳаммадзода Муҳаммадсолеҳ дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии онро барои солҳои 2027-2028 муаррифӣ карда шуд.
Баъд аз муаррифӣ, нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид. Тибқи нақшаи кории тасдиқгардида дар ҷаласаи навбатӣ дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо дар моҳҳои март ва апрел муаррифӣ ва баррасӣ карда мешаванд.