Партоби ҳаштуми озмоишии киштии кайҳонии Starship, мутаалиқ ба Илон Маск, ки барои парвозҳо ба мадори пасти Замин ва парвозҳои одам ба сӯи Моҳ пешбинӣ шудааст, бебарор анҷом ёфт.
Тибқи иттилои шабакаи телевизионии ББС киштӣ дар баландии тақрибан 150 километр, тақрибан 10 дақиқа пас аз парвоз аз ҳаракат боз монда, таркидааст. «Ман тасдиқ мекунам, ки мо воқеан робитаро бо киштӣ гум кардаем. Мутаассифона, чунин ҳодиса дафъаи гузашта низ рӯй дода буд”,- гуфтааст намояндаи ширкати амрикоии Space X.
Бояд гуфт, ки дар соли ҷорӣ ин бори дуввум аст, ки партоби киштии кайҳонии Starship бебарор анҷом меёбад.Тибқи иттилои ширкати фалакпаймоии SpaceX, порчаҳои мушакҳо бояд дар ҳудуди як минтақаи пешакӣ муайяншуда афтанд. Бо вуҷуди ин, Идораи федеролии авиатсионии ИМА (FAA) тасмим гирифтааст, ки дар чанд фурудгоҳи Флорида бо сабаби хатари эҳтимолии афтодани порчаҳои Starship маҳдудиятҳои муваққатии парвозҳо ҷорӣ кунад. Аз ҷумла дар фаъолияти фурудгоҳҳои Майами, Орландо, Палм Бич ва Форт-Лодердейл маҳдудият ҷорӣ гардидааст. Муассиси ширкати SpaceX Илон Маск то ҳол дар бораи озмоиш изҳори назар накардааст.