06-уми марти соли 2025 дар шаҳри Москва, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Федератсияи Россия Сергей Сивилёв мулоқот анҷом дод.
Ба иттилои сомонаи Вазорати энергетика ва захираҳои об дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, бахусус татбиқи лоиҳаҳои манбаъҳои энергияи барқароршаванда (МЭБ) баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо омодагиро ба мулоқоти навбатии роҳбарони Русия ва Тоҷикистон муҳокима карданд.
Дар мулоқот зарурати гузаронидани аудити лоиҳаҳои мавҷудбуда бо мақсади баланд бардоштани самаранокии онҳо таъкид шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи баргузории мизи мудаввар бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ ва ниҳодҳои марбутаи ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд.