25 декабри соли 2024 дар шакли видеоконфронс ҷаласаи сеюми гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки 27 феврали Соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, баргузор шудааст.
Дар ин бора сомонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, менависад, ки ҷаласаи мазкур дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Роҳбарони ҳайатҳо ба навбат суханронӣ намуда, ҳайати қисмҳои гурӯҳи кории Русия ва Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳои хоҳиши худро барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тасдиқ намуда, дар ҷараёни ҷаласаи гурӯҳи корӣ масъалаҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳамкорӣ дар соҳаи рушди системаи минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва ҳифзи гуногунии биологӣ, тарбия ва маърифати экологӣ, табодули таҷриба дар масъалаи пешбурди китобҳои Сурхи миллӣ, таҳкими ҳамкории байни институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, ҷаласаи чоруми гурӯҳи корӣ, баррасӣ гардиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Руссияро барои иштирок дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 май то 1 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват намуда, ҷаласаи навбатии гурӯҳи кориро дар майдонҳои конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор намоянд.