Як ширкати кореягӣ дар чор деҳаи Шаҳринав лоиҳаҳои рушди инфрасохтор амалӣ мекунад

Дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Ташкилоти ғайритиҷоратии “Семаул Ундонг”-и Ҷумҳурии Корея  дар чор деҳаи ноҳияи Шаҳринав давоми солҳои 2024-2028 ба маблағи умумии   440 ҳазор доллари  ИМА  лоиҳаҳои рушди инфрасохтор амалӣ карда мешавад.

Дар ин бора сомонаи Кумитаи рушди маҳал хабар дода менависад, ки гурӯҳи кории мониторинг ва арзёбии рафти амалишавии лоиҳаҳои пилотии дастгирии маҳаллаҳои пилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳбари доктор Сеонг Ил Ан  рӯзҳои 23-26 декабри соли ҷорӣ ба ноҳияи Шаҳринав сафари корӣ анҷом дода, бо рафти корҳои дар ин самт иҷрошуда аз наздик шинос гардиданд. Татбиқи лоиҳаи зикршуда дар деҳаҳои Гулреза, Навбаҳор, Ҳаёти нав ва Файзбахши ноҳияи Шаҳринав  идомаи ҳамкории  Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти ғайритиҷоратии “Семаул Ундонг маҳсуб меёбад.

Зимни сафар ҳадафҳои Ташкилоти ғайритиҷоратии “Семаул Ундонг” дар самти ташкили корҳои ободонию созандагӣ, таъмини рушди маҳал, кабудизоркунии муҳити зист мавриди омӯзиш қарор гирифт, натиҷаи сафар ва нақшаҳои минбаъдаи фаъолият дар маҷлисгоҳи хурди Кумита бо иштироки Раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода ва аъзоёни Гурӯҳи кории мониторинг ва арзёбии рафти амалишавии лоиҳаҳои пилотии дастгирии маҳаллаҳои пилотӣ Сеонг Ил Ан, Ким Ду Хеонг, До Хюн ва Кихван Ли мавриди мубодилаи назар қарор гирифт.