Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир ба энергетика ва дурнамои рушд конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

23 декабр дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таҳти унвони «Энергетика: ҳолат ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.

Таъкид гардид, ки яке аз самтҳои афзалиятнок дар рушди ҷумҳурӣ истиқлоли энергетикӣ мебошад. Таъмини рушди устувори соҳаи энергетика танҳо тавассути такя ба дастовардҳои илмӣ ва амалӣ намудани технологияи инноватсионӣ имконпазир аст.

Ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ, аз ҷумла истиқлоли энергетикӣ ва саноатикунонии босуръат аз самтҳои калидӣ мебошанд. Танҳо бо талошҳои якҷояи олимон, мутахассисон ва корхонаҳои саноатӣ мамлакат метавонад ба ин ҳадафҳо бирасад.

Дар маҷмуъ ба конференсия 57 мақола бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод гардид.