Беҳтаринҳои Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ ва Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон муайян шуданд. Аз ҷумла, Федератсияи байналмилалӣ аз рӯйи 5 номинатсия беҳтаринҳоро қадрдонӣ намуд. Дар ин хусус Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ хабар медиҳад.
Тибқи қарори Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ “Беҳтарин варзишгари соли 2024 байни мардон” Ҳақназар Назаров эътироф гардид. “Беҳтарин варзишгардухтар дар соли 2024” аз рӯйи қарори Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ Гулноза Мадниёзова аз Узбекистон дониста шуд. “Беҳтарин мураббӣ” Хуршед Ибайдуллоев ва “Беҳтарин довар” Баҳодур Ҳалимов эълон гардиданд. Федератсияи гӯштингирии Эрон “Беҳтарин Федератсияи гӯштингирӣ” тибқи қарори Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ эътироф шуд.
Ҳамзамон соли 2024 Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ якчанд чорабинии муҳташам баргузор намуд. Роҳбарияти ин созмони варзишӣ барои қадрдонии заҳмати варзишгарон, мураббиён ва дигар шахсони масъул беҳтаринҳоро бо ҷоизаҳои инфиродӣ сарфароз намуданд.
Аз ҷумла, “Беҳтарин варзишгар байни мардон” бо қарори Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон Шакармамад Мирмамадов, “Беҳтарин варзишгардухтар” Шоҳида Қаландарова, “Беҳтарин мураббӣ” Суннатулло Расулов, “Беҳтарин довар” Раҳмоналӣ Шарипов, “Беҳтарин Федератсияи минтақа” Федератсияи минтақаи Кӯлоб ва “Беҳтарин таблиғгари гӯштини миллӣ” Алӣ Шарифов эълон гардиданд.
Ҳамзамон аз рӯйи дигар номинатсияҳо беҳтаринҳо мукофотонида шуданд. Инчунин барои ҳамкории мутақобили судманд ва саҳми назаррас дар рушди гӯштин дар мамлакат ба якчанд шарикону сарпарастон сипосномаҳои федератия тақдим гардиданд.
Дар фарҷом собиқадорони соҳа, мураббиёни ботаҷрибае, ки солҳо боз ба тарбияи насли наврас ва гӯштингирони асил машғул мебошанд, аз ҷониби Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Раиси Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ ва Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон Лоиқ Бегиҷонзода аз хизматҳои арзанда ва нотакрори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти рушди гӯштини миллӣ ва байналмилалӣ гардидани ин риштаи варзиш ёдовар шуд.
Иброз гардид, ки Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ дар якҷоягӣ бо Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон соли 2024 Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе, бахшида ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2024» нахустин Конгреси ҷаҳонӣ оид ба гӯштингирӣ, нахустин Чемпионати ҷаҳон бо иштироки варзишгарони 63 давлати ҷаҳонро баргузор намуд.
Инчунин Мусобиқаи 2-юми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинарҳои зиёд барои мураббиёну доварон ва даҳҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ доир шуданд, ки ин ҳама ба тарғибу ташвиқ ва баланд бардоштани нуфузи гӯштингирӣ дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид гузошт.