11-уми декабри соли 2024, Исломобод (Покистон). – Дар ҳошияи Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқоти дуҷонибаи раёсати ҳамраисони Комиссия – Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардар Аваис Аҳмад Хан Леғарӣ, вазири федеролии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид.
Ба иттилои сомонаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибҳо аз сатҳу муҳтавои муносибатҳои кунунии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ ҳамкориҳо тавсеа ёфта, ба сатҳи сифатан нав мебарояд.
Зимни суҳбат ба густариши муносибатҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, тақвияти равобити илмию омӯзишӣ ва таълимии ду кишвар ва рушди ҳамкории фарҳангӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Дар фарҷоми мулоқот бо итминон иброз гардид, ки Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар рушди муносибатҳои ҳасанаи кишварҳо саҳифаи навро боз хоҳад намуд.