Мувофиқи гузориши интишорнамудаи Агентии Аврупо оид ба муҳити зист (EEA) ифлосшавии ҳаво ба экосистема зарар мерасонад, ки дар натиҷа ҳосили зироатҳо паст мешавад.
Тақрибан 75 фоизи экосистемаҳои Аврупо ба сатҳи зараровари ифлосшавии ҳаво дучор мешаванд. Ҳамасола дар Аврупо тақрибан 240 000 бар асари бемориҳои марбут ба ифлосшавии ҳаво мефавтанд.
Дар робита ба ин вазъият Иттиҳоди Аврупо барномаеро қабул кардааст, ки тибқи он бояд то соли 2030 дараҷанокии сифати ҳаворо то 50 дарсад коҳид диҳанд. Тибқи маълумотҳои созмонҳои байналмилалӣ ҳамасола дар ҷаҳон, зиёда аз 8 миллиона нафар дар натиҷаи олудагии ҳаво мефавтанд.