«Тоҷикфилм» Питчинг-рӯнамоии навбатии лоиҳаҳои синамоиро баргузор мекунад

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба таваҷҷуҳи алоқамандони синамо, муассисаҳои эҷодӣ, филмноманависон, коргардонҳо ва эҷодкорону филмофарон мерасонад, ки «Тоҷикфилм» ба хотири таҳияи филмҳои гуногунжанр дар соли 2025, дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби ҷавонони эҷодкор ба соҳаи синамо 20-уми декабри соли 2024 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоиро баргузор менамояд.

Ба иттилои сомонаи МД «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ барои филми ҳунарии пурра, филми кутоҳи бадеӣ, филми мустанад ва филми тасвирӣ ба таври айёнӣ (слайд-шоу) рӯнамоӣ ва муаррифӣ мегарданд.

Дар раванди баргузории Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ продюссерон, намояндагони ширкатҳои филмбардорӣ ва шабакаҳои телевизион, ки хоҳиши филмофарӣ доранд, иштирок карда метавонанд.

Лоиҳаҳои синамоӣ то 19-уми декабри соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» кӯчаи Беҳзод, 25, шуъбаи умумӣ, ошёнаи дуюм қабул карда мешаванд.

Бишитобед ва ҳунари хешро биозмоед!
Шояд баранда шавед!