КҲФ: Заминларзаи дирӯза талафоти ҷониву хисороти моддӣ надошт

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 10-уми декабри соли 2024, соати  15:04 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истинод ба иттилои ин хабар медиҳад, ки маркази ин зилзила 268 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 73 километрии ғарб аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар қаламрави Афғонистон будааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл ва дар ҳудуди шаҳри Хоруғи ВМКБ 2 баллро ташкил дод.

Ин заминларза талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надоштааст.