Дирӯз ба муносибати 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳамасола 10-уми декабр дар саросари кишвар ҷашн гирифта шуд, дар Кохи “Суруш”- и пойтахт ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши бошукӯҳ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, кормандону масъулини Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, масъулини кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.
Боиси хушнудӣ аст, ки Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Садо ва Симо”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо медали 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Ин дастовардро ба тамоми аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Садо ва Симо”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику муборак менамоем.