ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Имсол дар баробари таҷлили ҷашнҳои пуршукуҳи миллию давлатӣ ҷашни пурифтихори даврони соҳибистиқлолии мамлакат- 30– солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо шукуҳ таҷлил мегардад. Таҷлили ин рӯйдоди фарраҳбахшу таърихӣ, ки саҳифаҳои пурҷилои таърихи навини давлатдориамон мегардад, басе хотирмон хоҳад буд, зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан ҳам аз умқи дили халқ реша гирифта, бо фарҳанги пурғановати миллиамон пайванди ногусастанӣ дорад.

Дар сафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа ба хотири ояндаи босаодати Ватан ҷамъ омада, таҳти шиори арзишманди «Тоҷикистони озоду ободу соҳибистиқлол Ватани маҳбуби ҳар яки мо!» рӯ ба созандагию бунёдкорӣ оварданд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсис дар меҳвари фаъолият халқи ҷумҳуриро неруи тавоно арзёбӣ намуда, бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду декмократиро ҳадафи ниҳоии худ қарор дод.

Ба ибораи арзишманди Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «ман борҳо таъкид карда будам, ки рисолати мо – аъзои ҳизб иборат аз он аст, ки ба истиқболи мардум равем, сухани онҳоро аз наздик шунавем ва масъалаю мушкилоти мавҷударо дар доираи имконотамон ҳал намоем.

Бори дигар таъкид месозам, ки ҳадафи асосии ҳизби мо ҳамкорӣ ва ҳамраъйӣ бо мардум аст, зеро ин ҳизб аз бунёдаш мардумӣ аст. Мо бояд бо мардум ҳамраъй, ҳамандеша ва ҳамдилу ҳамфикр бошем. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавонем, ки мушкилоту масъалаҳои мардумро дарку эҳсос намоем ва барои ҳалли онҳо бештар талош кунем».

Ҳоло Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Барномаи аз нигоҳи илмӣ ва сиёсӣ мукаммал пайгирона бобати амалишавии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2027 ва Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025 аз тамоми имконоти мавҷуда ба таври васеъ истифода мебарад.

Дар меҳвари барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳкими манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолият ба шумор меравад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти бомаром ва самараноки сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, идораи равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ҳимояи онҳо аз зуҳуроти номатлуби ифротгароию терроризм, қочоқи маводи мухаддир, одамрабоӣ ва дигар равияҳои тафриқаангези динию мазҳабӣ, ки ҳадафи онҳо бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳокимият, аз байн бурдани сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани тамомияти арзии давлат мебошад, дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад.

Бахшида ба таҷлили 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон атрофи фаъолияти густурда ва доманадори сиёсии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ибрози назар менамоем.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор 10 январи соли 1995 таъсис ёфта, дар он давра шумораи аъзои ҳизб ҳамагӣ 80 нафарро ташкил медод.

Ҳоло тибқи нишондоди ҳисоботи оморӣ, шумораи аъзои ҳизб дар шаҳри Ҳисор 15 140 нафарро ташкил медиҳад, ки дар 149 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ муттаҳид шудаанд.

Танҳо дар ду соли охир зиёда аз 71 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис ёфта, зиёда аз 6500 нафар сокинон иродаи сиёсиашонро муайян намуда, ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шудаанд. Ин натиҷаи дуруст ва ҳадафрас анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ мебошад.

Тавре Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз доштанд, «аъзои ҳизб барои татбиқи вазифаҳои стратегии давлату Ҳукумат, такмил додани низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносӣ ва худогоҳӣ саҳми босазо мегузоранд. Ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст».

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор зери сарпарастии роҳбарияти ҳизб таҳти унвони «Фурӯғи нури Раҳмонӣ» саёҳати таърихии 145 нафар раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизбии шаҳри Ҳисор ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташкил карда шуд.

Равшании Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба қалбҳо нуру зиё бахшида, ояндаи Тоҷикистонро дурахшон мекунад ва бо номи мубораку поксиришти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаккокӣ хоҳад шуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарпарасти маънавии Неругоҳи барқии обии «Роғун» буда, барои ҳарчӣ зудтар мавриди истифода қарор додани чархаҳои иншооти азими аср саъю талош мекунад.

Бо мақсади беҳтар намудани самти фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти онҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар шаҳри Ҳисор бори нахуст тибқи Қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор «Соли фаъолгардонии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ» эълон карда шуд, ки дар ин самт корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд. Илова бар ин, Дастурамал-роҳнамо барои истифода дар фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таҳия карда шуда, ба сохторҳои ҳизб дар шаҳри Ҳисор дастрас гардид.

Бо қаноатмандии зиёд бояд гуфт, ки аъзою ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар паҳлуи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошта, дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат, ки аз дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бармеоянд, саҳми шоиста мегузоранд.

Дар шароити торафт мураккабу зудтағйирёбанда, пешгӯйинашаванда ва пурпечутоб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон масъалаи пешгирии хатару таҳдид, зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, бахусус дар байни ҷавонон ба яке аз масъалаҳои меҳварии фаъолияти зимомдории идеологии мамлакат, аз ҷумла, сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Табиист, ки ҳар зуҳуроти номатлубе, ки дар ҷомеа падидор ва ё ба амал меояд, аввал ҷавонони аз илму дониш ва аз таълиму тарбия дурро ба доми худ афканда онҳоро дар кӯчаи сарбастаи зиндагӣ саргардон менамояд.

Масъалаи пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва ҷинояткорӣ байни ноболиғону ҷавонон масъалаи доғи рӯз ва ҳалталаби ҷомеа боқӣ мемонад.

Ҳарчанд оид ба пешгирии ин вабои аср аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҳизб корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд, вале шиддати он моро водор месозад, ки дар ҳамкорӣ боз ҳам фаъолиятро густурдатар намоем.

Мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсию низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор мекунад.

Воқеан ҳам, пешрафту ободӣ ва ҳама дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳз аз таъмини амният ва иҷрои якхелаи қонунҳо сарчашма мегирад.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар самти пешгириии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, таассуби динӣ ва ба одати доимии насли наврасу ҷавон табдил додани қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла, ду қонуни миллӣ корҳои муайянеро ба анҷом мерасонад.

Баргузории мулоқоту суҳбатҳо бо усулҳои «деҳа ба деҳа», «хона ба хона» ва «ҳамсол ба ҳамсол» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, гузаронидани «соатҳои сиёсӣ» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ҷалби фаъолони ҳизбӣ ба хонаи оилаҳое, ки фарзандашон дар сафи гурӯҳҳои ифротӣ қарор доранд, аз ҷумлаи корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошанд.

Роҳи муассири мубориза бо таҳдиду хатар ва гурӯҳҳои террористию экстремистӣ пешгирии саривақтӣ буда, ягона роҳи решакан намудани ин вабои аср баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии насли наврасу ҷавон мебошад.

Бо ибтикори саривақтии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дастоварди арзишманд маҳсуб шуда, ба пешбурди фаъолияти ҳизбӣ мусоидати фаъол мекунад.

Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2027, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар доираи чорабиниҳои ҷашнии 30 — солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бори нахуст дар шаҳри Ҳисор Фестивал – Озмуни сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони «Васфи Ватан» гузаронида шуд.

Барои таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, баланд бурдани эҳсосу ҳувияти миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, таъмини суботи сартосарии ҷумҳурӣ, эҳтиром ба рукнҳои давлатдорӣ, ҳифзу гиромӣ доштани муқаддасоти Ватан ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ байни ҷавонон, талқини ҷавонон ба забони ноби адабии тоҷикӣ, муаррифии забони тоҷикӣ ба ҷаҳониён ҳамчун забони қадимаи олам ва эҳё намудани арзишҳои неки ниёгон дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ баргузории маҳфил-озмунҳои «Тоҷикистони ман!», «Шоҳнома Ватан аст!», «Забони миллат – ҳастии миллат», «Насли хушбахти замону зодагони истиқлолем!», маҳфил-озмунҳои базми ғазал таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар шинохти осори миллӣ», озмунҳои «Ватанпарвар» таҳти унвони «30-қадами устувор дар таҳкими иқтидори мудофиавии Ватан!», «Бо ту ифтихор дорам, Ватан», Фестивали «Ватандӯстӣ ва рушд», «Конститутсия ба ҳар хонадон» ва «Сайри Ватан, шукри Ватан ва рушди Ватан рисолати мо, ҷавонон аст» аз ҷумлаи иқдоме буданд, ки дар сатҳу сифати нав гузаронида шуда, ба баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии насли наврасу ҷавон мусоидати фаъол намуданд.

Дар идомаи баргузории чорабиниҳои «Ҷавонон ва Пешвои ҷавонпарвар», «Пешвои Қаҳрамону роҳбар дорем», «Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар меҳвари Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон», «Пешвои миллат- ҳомӣ ва раҳнамоӣ ҷавонон», «Бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем», «Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш!» аз иқдоме арзёбӣ мегарданд, ки бо ҷалби васеи ҷавонон гузаронида шуда, ба руҳияи ватандӯстии онҳо таъсири мусбат гузошт.

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнии 30 — солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Озмуни «Чеҳраи муваффақи диёр» дар доираи шиори пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» таҳти унвони «Якдил шавему мулк обод кунем!» ва Фестивал – озмуни «Ташкилоти беҳтарини сол» таҳти унвони «30 қадами созанда дар амри ватансозӣ» дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ гузаронида шуда, ба баланд бардоштани ифтихори ватандӯстӣ мусоидат намуда, аъзою ҷонибдорони ҳизб ва сокинонро барои саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан ҳавасманд менамояд.

Имрӯзҳо аъзою ҷонибдорони ҳизбамон ва сокинони ватандӯсту заҳматписанди Ҳисори бостон зери шиори «Тоҷикистон ба пеш! Ба сӯйи қуллаҳои баланди пешрафту тараққиёт!» фаъолият доранд.

Тавре дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025 омадааст, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон давоми беш аз чаҳоряк аср талош дорад. Тоҷикистонро ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, дар асоси консепсияи сиёсати хориҷии давлат усули баробарӣ, дӯстӣ, тақвияти ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодиро бо ҳама давлатҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст ва минбаъд низ ин сиёсатро дастгирӣ ва идома медиҳад. Тоҷикистон барои риояи ҳама уҳдадориҳои байналмилалӣ кӯшиш дорад ва дар навбати худ аз ҷомеаи байналмилалӣ умедвор аст, ки барои амнияти сайёра талош мекунад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми ҷумҳурӣ ва таҳти сарварии хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, ҷумҳурӣ ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!», аз ҷумла рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат – истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ, ки ниҳояти он расидан ба зиндагии шоиста мебошад, роҳнамоӣ мекунад.

Бо назардошти фаъолияти пурҷанбаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон метавон ин неруи пуриқтидорро таҳкимбахши Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ арзёбӣ намуд, зеро давоми 30 сол худро ҳамчун ҳомӣ ва муҳофизи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба мардум шинос намуд.

Изатуллои ҲАБИБЗОД,

раиси Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

дар шаҳри Ҳисор

Бознашр аз АМИТ «Ховар»