Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷӣ ва умури Аврупоии Ҷумҳурии Хорватия мулоқот намуд

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири корҳои хориҷӣ ва умури Аврупоии Ҷумҳурии Хорватия Гордон Грлич Родман мулоқот намудааст.

Тавре АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории мутақобилан судманд байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳони талошҳои бештар дар рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунҷабҳа дар соҳаҳои афзалиятнок гардиданд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон барои роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои Аврупо дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, хусусан саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, инчунин дар самтҳои рушди илму техника, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва туризм имконоти фаровон дар ихтиёр дорад.

Бо ҳавасмандӣ аз татбиқи ҳар чӣ зудтари ҳадафҳои рушди ҳазорсола таъкид шуд, ки Тоҷикистон ва Хорватия дар мавриди аксари масъалаҳои муҳимтарини ҷаҳонӣ мавқеи ягона ё наздик доранд.

Мубодилаи сиёсӣ дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид низ аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду давлат арзёбӣ гардид.

Таъкид карда шуд, ки Хорватия дар Конфронси байналмилалӣ вобаста ба эълони Соли ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар сатҳи шоиста иштирок хоҳад намуд.