Имрӯз дар толори МД- ии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ва 15 – солагии таъсисёбии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур дар доираи амалисозии “Соли маърифати ҳуқуқӣ” сурат гирифт, ки дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмиллалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрванд ва доираҳои илмии ватанӣ ширкат доштанд.
Дар ифтитоҳи мизи мудаввар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқкқи СММ ва давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҳамасола тибқи муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” Рӯзи ҳуқуқи инсонро таҷлил менамояд. Дар чорабинии мазкур ҳамзамон намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмиллалӣ, доираҳои илмии ватанӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ суханронӣ наиуданд.
Дар фароварди ҳамоиш таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати роҳбарии муваффақонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, мавқеи худро дар арсаи байналмиллалӣ мустаҳкам нигоҳ дошт.
Дар ин хусус ҳамкорамон О. Шарипова аз макони баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд ба мо иттилоъ дод.