Парчам рамзи иттиҳоду ҳамбастагӣ

Парчами давлатии кишварамон ифтихори сокинони Тоҷикистон, рамзи мустақилияти давлат, ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидона ва умед ба фардои ободу осуда буда, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба он қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа дар назди таърих, наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда мебошад.

Дар ҷаҳони муосир ҳар давлати мустақилу соҳибихтиёр маҳз тавассути рамзҳои давлатии он, махсусан Парчами давлатиаш муаррифӣ мегардад, зеро он нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор меравад. Ба андешаи Наҳтулло Айнулозода номзади илмҳои таърих, муовини ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Парчами давлатии кишвари мо на танҳо рамзи истиқлолу озодӣ ва сулҳу осоиштагӣ, инчунин он муаррифгари миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Парчами имрӯзаи давлатии кишварамон таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории ниёгонамон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Ба гуфтаи Толиб Амиров, номзади илмҳои сиёсии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Парчам ягона рамзи сиёсӣ аст, ки аз қаҳрамонӣ ва мавҷудияти фарҳангу оини давлату миллат шаҳодат медиҳад.

Бояд гуфт, ки Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар сокини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, зеро он рамзи осоиштигӣ хотири ҷамъ ва пешрафту дастовардҳо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин хотир, ҳар яки мо, бахусус насли ояндасози миллатамонро зарур аст, ки эҳтирому арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ ба хусус Парчами давлатиро вазифаи муқаддаси худ шуморида, барои пойдории давлату миллат талош намоянд.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”