Суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ

29.10.2024,  ш.Душанбе

Муҳтарам устодон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи боз як муассисаи таҳсилоти олии омодасозии кадрҳои баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилии мамлакат самимона табрик мегӯям.

Ифтитоҳи ин иншоот, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Рӯзи милитсияи тоҷик сурат мегирад, нишонаи таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо мебошад.

Дар остонаи ҷашни 30-солагии Конститутсия оғоз гардидани фаъолияти чунин муассиса басо рамзӣ низ мебошад, зеро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар навбати аввал, мақомоти корҳои дохилӣ посдору нигоҳбони волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷумла риояи Конститутсия ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошанд.

Таъсиси чунин муассиса ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти корҳои дохилии мамлакат, бахусус, дар самти тарбияи кадрҳои муосир ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон рӯйдоди басо муҳим ба ҳисоб меравад.

Чунонки дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоям, солҳои охир сайёраи мо ба як қатор таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм, мухолифату ҷангҳои мазҳабӣ, амалҳои даҳшатноки террористӣ, шиддат гирифтани раванди мусаллаҳшавии бошитоб, густариши ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва мушкилоти дигар рӯ ба рӯ гардидааст.

Чунин вазъ мардуми сайёра, аз ҷумла моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳифзи сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, тақвияти инфрасохтор ва заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимии ин соҳа ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории амният ва суботу оромии ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Имрӯзҳо зуҳуроти харобиовари ифротгароӣ ва фаъолияти созмонҳои террористӣ хусусият ва миқёси ҷаҳонӣ касб кардааст.

Мубориза бо ин вабои аср на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи муҳимми ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад, зеро он на фақат ба давлат ва асосҳои конститутсионии он, балки ба рӯзгори ободу осуда, ба тарзи зиндагии ҳар як шахс ва аҳли оилаи ӯ таҳдид мекунад.

Дар ин раванд, ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва созмонҳои террористӣ шомил шудани баъзе шаҳрвандони ноогоҳи мо боиси нигаронӣ гардидааст, ки инро дар суханрониву вохӯриҳо бо ҷавонон ва намояндагони дигар табақаҳои ҷомеа борҳо таъкид намудаам.

Бояд гуфт, ки дар баробари натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камбудиҳои зиёд низ ба назар мерасанд.

Масалан, вақтҳои охир аз ҷониби мақомоти мазкур вобаста ба далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида, аз тарафи баъзе шаҳрвандон гузоштани лайкҳо боиси сарсониву саргардонии онҳо гардида истодааст.

Яъне баъзе мақомот нисбат ба онҳо беасос парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз менамоянд, ки ба ин амал бояд хотима дода шавад.

Фаъолияти сусти намояндагии мақомоти Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия камбудии ҷиддии дигар мебошад, ки гурӯҳи корӣ рафта, вазифаҳои онҳоро иҷро карда истодааст.

Хатари дигаре, ки дар баробари терроризму экстремизм ба суботу оромии ҷомеа таҳдид мекунад, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки воридшавии воситаҳои нашъадор ва муомилоти он дар кишвар нисбат ба соли гузашта зиёд гардида истодааст ва вазъият дар ин самт ташвишовар боқӣ мемонад.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 4 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 2 тоннаву 735 килограмм аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ мусодира ва 437 нафар дастгир гардидааст.

Инчунин, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 5 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ва 15 нафар аъзои онҳо ба ҳабс гирифта шудааст.

Таъкид месозам, ки то ҳол дар ҷойҳои дилхушӣ ва ҷамъиятӣ фурӯши маводи мухаддири синтетикӣ ҷой дорад ва шумораи нашъамандон ҳанӯз зиёд мебошад.

Бори дигар таъкид месозам, ки даромад аз ҳисоби гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризм ва дигар гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ мебошад.

Аз ин рӯ, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки фаъолияти худро вобаста ба пешгирӣ кардани гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор куллан тағйир диҳанд.

Гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон ба ҷомеа ва ҳаёти одамон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод намуда, сабаби сар задани ҷиноятҳои вазнин мегардад.

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 333 мил силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ мусодира гардидааст.

Миқдори силоҳи аз соли 1994 то инҷониб мусодирагардида, дарёфтшуда ва ихтиёран супоридашуда 45 ҳазору 835 милро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумот ҳоло ҳам дар дасти мардум, бахусус, дар минтақаҳои алоҳида силоҳи зиёд боқӣ мондааст.

Бинобар ин, сохтору мақомоти дахлдор бояд дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро бо мардум пурзӯр намоянд.

Ҳамчунин, хотиррасон менамоям, ки пурзӯр гардонидани кор дар самти риояи талаботи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирӣ кардани ҳолатҳои таълими ғайриқонунии динӣ ва ба гирифтани таълими ҳатмии умумии фарзандон монеъ шудани баъзе падару модарон вазифаи муҳимми мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

Баъди супориши Роҳбари давлат ва дар натиҷаи чораҳои аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ амалигардида дар кишвар 1500 нафар шахсоне, ки ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул буданд ва зиёда аз 5000 нафар муллоҳои чаласавод барои хурофотпарастӣ дастгир гардида, ба қайди мақомоти корҳои дохилӣ гузошта шудаанд.

Гарчанде дар суханронии худ рӯзи 1-уми сентябри соли ҷорӣ таъкид карда будам, ки тартибу низоми ҳозиршавии хонандагон ва омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ зери назорат қарор дода шавад, лекин то ҳанӯз ин камбудиҳо ҷой доранд.

Ҳангоми санҷишҳо муайян карда шудааст, ки 6500 нафар хонандагон мунтазам ба мактаб ҳозир нашуда истодаанд, ҳамчунин, соли ҷорӣ аз тарафи ноболиғон содиршавии 485 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун ҳомиёни ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърихи кишварамон ба хотири ҳимояи суботи ҷомеа, оромии мардум, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор ва муҳимтар аз ҳама, барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар сафи пеш қарор доштанд.

Онҳо имрӯз низ бо ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ, киберҷиноятҳо, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирӣ кардани дигар амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ мубориза бурда истодаанд.

Тавре медонед, то замони соҳибистиқлолӣ дар кишварамон муассисаи таҳсилоти олии омодасозии мутахассисони баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилӣ вуҷуд надошт.

Мутахассисон асосан дар муассисаҳои таҳсилоти олии дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ тайёр карда мешуданд.

Дар Тоҷикистон танҳо як мактаби махсуси милитсия фаъолият мекард, ки мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи махсуси ҳуқуқӣ тайёр мекард.

Ҳоло дар сохтору мақомоти корҳои дохилӣ 4 муассисаи таълимӣ – Академия, коллеҷи милитсия, коллеҷи оташнишониву техникӣ ва Маркази таълимӣ фаъолият менамояд.

Баъди ба даст овардани истиқлол дар таърихи фаъолияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон марҳалаи нав – давраи мустақилияти комил ва дар айни замон давраи озмоишу имтиҳони ҷиддии таъмини суботу оромии кишвар, ҳимояи осудагии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва тартиботи ҷамъиятӣ оғоз гардид.

Барои амалӣ намудани чунин вазифаҳо зарурат пеш омад, ки мо тарбияи кадрҳои баландихтисосро барои соҳа ҳарчи зудтар дар дохили кишвар ташкил карда, низоми нави идоракунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакатро ба роҳ монем.

Бо мақсади ташкили раванди омодасозии кадрҳои баландихтисоси касбӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат моҳи декабри соли 2000-ум Мактаби олии Вазорати корҳои дохилӣ ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ табдил дода шуд.

Муассисаи мазкур дар мамлакат ягона мактаби олии махсус аст, ки ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ машғул мебошад.

Тибқи ваколатҳои ба зиммаи ин муассисаи таълимӣ вогузоршуда он дар тайёр намудани ҳомиёни ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй нақши асосӣ дошта, дастпарварони он дар аксари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохтору мақомоти мамлакат адои хизмат менамоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Шумо хуб огоҳӣ доред, ки дар давоми ду даҳсолаи охир дунё ба таҳаввулоти азим дучор шуда, набзу низоми зиндагӣ дар тамоми сайёра тағйир ёфта истодааст.

Яъне раванди ҷаҳонишавӣ инсониятро бо ҳаводису воқеаҳое рӯбарӯ карда истодааст, ки барои пешгирӣ кардани онҳо истифодаву татбиқи таҷрибаву усулҳои нави муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон лозим меояд.

Яке аз роҳҳои расидан ба ин ҳадаф такмили низоми омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи замона мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла муассисаи таълимии имрӯза мебошад.

Ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ ва муосир нигоҳ доштани фазои илмиву таълимии ин боргоҳ роҳбарияти муассисаро зарур аст, ки ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои таҳқиқ ва татбиқи равияҳои фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, маъмурӣ ва дигар самтҳо тақвият бахшанд.

Давлату Ҳукумати мамлакат бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда маблағгузории фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро таъмин намуда, дар баробари ин, барои фароҳам овардани шароити беҳтарини таҳсил дар муассисаи мазкур ҳамаи чорабиниҳои заруриро амалӣ менамояд.

Маҳз бо ҳамин мақсад мо имрӯз дар ин ҷо дар маросими ифтитоҳи бинои наву замонавии муассиса қарор дорем.

Бовар дорам, ки бо истифода аз имкониятҳои беҳтарини муҳайёгардида, аз ҷумла синфхонаву толорҳои муҷаҳҳази замонавӣ ва дигар шароити мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ раванди таълими мутахассисон ба куллӣ беҳтар гардида, дар он таҷрибаи беҳтарин муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷаҳон роҳандозӣ хоҳад шуд.

Бо дарназардошти аҳаммияти масъала зарур аст, ки кадрҳои соҳавӣ дар сатҳи баланди касбӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳони муосир омода карда шаванд.

Дар ин раванд, бояд ба хислатҳои рӯҳиву равонӣ ва обутоби ҳамаҷонибаи кадрҳои оянда эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад.

Илова бар ин, тайёрии касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба арзишҳои заминавии демократӣ, волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос ёбад.

Ба роҳбарону масъулини муассиса зарур аст, ки ҳангоми тайёр кардани мутахассисон ва бозомӯзиву такмили ихтисоси онҳо ба масъалаҳои хусусияти хоси касбӣ аҳаммияти ҷиддӣ дода, дар зеҳну шуури шогирдон маърифату ҷаҳонбинии васеъ, маҳорати мулоҳизаронӣ, таҳлили вазъият ва вобаста ба он малакаи қабули қарорҳои заруриро тарбия намоянд.

Дар раванди омӯзиши ихтисосҳо ба барномаҳои таълимӣ, аз ҷумла дар курсҳои кӯтоҳмуддати он баробари омӯзиши асосҳои қонунгузории меҳнат, маъмурӣ, равоншиносӣ, одоби суханварӣ барои ҳайати роҳбарикунанда, азхудкунии амиқи забони давлатӣ, омӯхтани на кам аз ду забони хориҷӣ ва кор бо технологияҳои муосири коммуникатсиониро ворид намудан зарур мебошад.

Ҳамчунин, бо дарназардошти тавсеаи ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст, ки омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ низ ба роҳ монда шавад.

Дар ҷомеаи демокративу мутамаддини муосир хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, азму иродаи қавӣ, шуҷоату далерӣ ва муҳимтар аз ҳама, хоҳиши содиқона хизмат кардан ба Ватан – модар, давлат ва ҷомеаро талаб менамояд.

Дар ин раванд, як масъалаи муҳимро ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки мардум ба фаъолияти давлат аз рӯи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳо медиҳанд.

Итминони комил дорам, ки таълимгирандагони муассисаи имрӯза якҷо бо сохтору мақомоти дигар дар ҷодаи адои вазифаҳои хизматии худ, яъне таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, оромиву суботи ҷомеа ва мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканӣ содиқонаву софдилона саъю талош хоҳанд кард.

Вобаста ба ин, устодону кормандони муассиса бояд ба вазифаи муқаддаси хеш бо масъулияти баланд муносибат карда, дар амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ ҷиҳати омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа ва куллан беҳтар гардонидани низоми таҳсил саҳми муносиб гузоранд.

Дар охир бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ ва кулли кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба ифтихори 30-солагии қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, Рӯзи милитсияи тоҷик ва ифтитоҳи боз як муассисаи олии омодасозии кадрҳои баландихтисос самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, иродаи матин ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Саломат бошед!