Имрӯз интернет амиқан ба ҳаёти башарӣ ворида шуда, дастрасӣ ба интернети босуръат ва бо нархи дастрас барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҳар як кишвар бисёр муҳим аст. Интренет дар натиҷаи талошҳои зиёд ва омӯзишҳои доманадор ба вуҷуд омада, таърихи ба худ хос дорад.
Соли 1958 дар ИМА лоиҳае ба хотири таъминоти бехатарӣ оғоз гардид. То соли 1969 мутахассисон барои пайваст намудани алоқа байни компютерҳо кӯшишҳои зиёд намудаанд. Ниҳоят 29 октябри соли 1969 дар ИМА алоқаи байни компютерҳо ба роҳ монда шуд. Ин ҳодисаро дар таърих тавлиди Интернет меноманд. Дар ин радиф соли 1970 почтаи электронӣ аз ҷониби Р. Томлисон ихтироъ гардид. Соли 1976 Р. Меткалф якумин шабакаи маҳаллии компютерҳоро ташкил кард. Рӯз то рӯз шумораи компютерҳое, ки байни ҳам пайваст мешуданд, меафзуд. Ин технология дар Аврупо ҳам паҳн гардид. 12 марти соли 1989 нахустин сомонаи интернетӣ дар Шветсария ба кор даромад. Тим Бернерз Ли донандаи компютер ин пешниҳодро ироа карда буд ва аз он вақт то имрӯз миллиардҳо нафар дар саросари сайёра аз он ба унвони сарчашмаи асосии иттилоот истифода мекунанд. Самараи ихтирооти Тим Бернерз Ли тавонист системаи интернетро танзим карда, роҳҳои муносиби муносибатҳои иттилоотию иртиботиро эҷод созад.
Соли 1991 дар Аврупо протоколи WWW (Word Wide Web) ихтироъ гардид, ки он барои афзоиши пайвастшавии компютерҳо заминаи васеъро фароҳам овард.
Ҳоло аз ҳар 5 нафари аҳолии сайёра 3 нафари онҳо ба сомонаҳои интернетӣ дастрасӣ доранд.
Коркарди системаҳои ҷӯстуҷӯии Google, Yahoo, Яндекс, Rambler ва монанди инҳо асосан дар солҳои аввали асри 20 шурӯъ шуданд. Серистифодатарини онҳо системаи ҷустуҷӯии Google мебошад, ки соли 1998 ба фаъолият пардохт.
Сохтани платформаи ройгони Skype дар соли 2003 ба корбарони шабака имкон дод, ки робитаи видеоиро барқарор кунанд. Соли 2005 видеопортали Youtube дар интернет фаъол гашт ва озодона гузоштани наворро дар интернет аз ҷониби ҳар корбар ба вуҷуд овард. Ин яке аз лоиҳаҳои ширкати Google ба ҳисоб меравад, ки ҳамарӯза ҳазорҳо навор дар он ҷойгир мешавад ва корбарон метавонанд аз ҳисоби шумораи бинандагон маблағ ба даст оранд. Ҳамчунин соли 2013 ширкати Google сервиси Skype Hangouts-ро фаъол сохт, ки ташкили онлайн-конференсияҳоро дар шакли пахши мустақим дар Youtube фароҳам овард. Ҳоло ин сервисҳо барои баргузории вебинарҳо васеъ истифода мешаванд.
Фаъол шудани шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам таҳаввулоти чашмраси интернет буд. Аввалин шабакаи иҷтимоӣ Classmates мебошад, ки соли 1995 сохта шудааст. Ҳоло Интернет-ВАО асосан аз шабакаҳои иҷтимои Facebook, LinkedIn ва Twitter ҳамчун абзори алтернативии пахши иттилоъ истифода мекунанд.
Маъруфияти интернет-мессенджерҳо, аз қабили Viber, WhatsApp, IMO ва Telegram, ки асосан ба дастгоҳҳои мобилӣ нигаронида шудаанд, ба ғайр аз паёмҳои матнӣ, ба интиқоли файлҳои мулимедиявӣ (аксҳо, видео) имкон медиҳанд. Кушодани канал ва паблик-чатҳо дар онҳо чун шабакаҳои иҷтимоӣ ба ВАО-и муосир шароити дигаре сохтанд.
Пайдоиши интернет дар Тоҷикистон ба раванди инкишофи технологияҳои иртиботию иттилоотӣ алоқаманд аст. Оғози дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистонро аз соли 1995 медонанд, ки ҳамин сол «CADA» (Агентии оид ба рушди ОМ) хизматрасонии почтаи электрониро шурӯъ намуд. Таҷдиди дубораи он ба 23 декабри соли 1998 рост меояд. Дар ин сана интернет-сервиси провайдери «Телеком технолоҷӣ» расонидании оммавии интернетро сар кард, ки аввалин провайдери интернетрасон ба ҳисоб меравад.
Бо рӯйи кор омадани технологияи сифатан наву пуриқтидор, истифодаи чунин технология дар бозори алоқаи Тоҷикистон марҳилаи наверо боз кард. Сифатан беҳ гардидани бозори телекоммуникатсионӣ ба он вобаста аст, ки дар нимаи солҳои 2000-ум ҶСК «Тоҷиктелеком» ба таҷдиду навсозии кулли инфрасохтори кишвар пардохта, онро модернизатсия кард. Ин ба хизматрасониҳои интернетӣ ва алоқаи мобилӣ такони ҷиддӣ дода, ба фаъолияти дигар ширкатҳои соҳавӣ заминаро фароҳам сохт.
Модернизатсияи истгоҳҳои телефонӣ бо технологияи рақамӣ ва азнавсозии хатҳои магистралӣ ва пайвасткунӣ ба шабакаҳои байналмилалии нахӣ-оптикии ирсоли иттилоот омилҳои аслии беҳбуди алоқаи телефонии симию мобилӣ, ҳамагонӣ шудани хадамоти интернетӣ, паст шудани арзиши хизматрасониҳо ва таҷҳизоти муштариён, афзоиши шумораи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ва интернет буданд. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар ҳудуди Шӯравии собиқ аввалин кишваре ба ҳисоб меравад, ки дар он шабакаи насли 3-юм ва насли «гузаранда» (3,5G) (3G-UMTS/3,5G-HSDPA) мавриди истифода қарор гирифт.
Феълан, тамоми вилоятҳои Тоҷикистон бо шабакаҳои баландсуръати нахӣ-оптикӣ пайваст мебошанд.
Аз соли 2003 инҷониб ба Тоҷикистон домени минтақаи TJ аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонии ICAN ва IANA ҷудо карда шуд. Зери ин домен то имрӯз ҳазорҳо сомона ба қайд гирифта шудааст. Бо ҷудо кардани минтақаи домени “tj” аввалин номдомен дар минтақаи домени “TJ” гурӯҳи сомонаҳои ширкати Вавилон – babilonm.tj, babilont. tj и babilon.tj. мебошанд, 29 январи соли 2004 сабт гардиданд.
Ҳоло дар кишвар 6 оператори алоқаи мобилӣ, 13 интернет-провайдерҳо ва 23 – контент-провайдер фаъолият доранд, ки хизматрасониҳои гуногунро пешниҳод мекунанд. Тоҷнет-сегменти миллии доменҳо сиёсати давлатиро дар самти бақайдгирии сомонаҳои интернетӣ мушаххас мекунад.
Фирдавс Абдуҷалилов,
номзади илмҳои филология,
корманди радиои “Тоҷикистон”