Имрӯз дар китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти сарпарасти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон форуми 5 олимони аъзои давлатҳои ИМД баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарон ва олимони варзидаи академияҳои илмҳо ва марказҳои бузурги илмию тадқиқотӣ, ташкилотҳои таълимии кишварҳои ИДМ ширкат доранд. Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ин ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд. Вай гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба ҳамкориҳои байналмилалӣ таъсири хеле судманд дошта, барои табодули таҷриба байни олимон ангезаи хубе хоҳад буд.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуд. Вай афзуд, ки Тоҷикистон ҳамеша аз донишмандони ҷумҳурӣ пуштибонӣ мекунад ва сол аз сол сафи олимон меафзояд.
Хотиррасон менамоем, ки иштирокчиёни форум тамоюлҳои асосии илмҳои фундаменталӣ, ҳолат ва перспективаҳои инкишофи онҳоро муҳокима карда, дар бораи проблемаҳои актуалии илми техникии ҳозиразамон сухан ронда, соҳаҳои асосии донишҳои иҷтимоию гуманитариро дида мебароянд. Дар доираи анҷуман баргузории ҷаласаи XII Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи якуми Шӯрои олимони ҷавони назди Шӯро оид ба масъалаҳои илмии Хамкорй дар соҳаи асосҳои илми давлатҳои аъзои ИДМ нақшабандӣ шудааст. Дар ин бора аз ҷараёни ин форум ҳамкорамон Сураёи Сироҷиддин хабар дод.