Ба ҳайси сармураббии дастаи “Истиқлол” омадани Игор Черевченко ҳам кумак накард, то ин даста тавонад аввалин голи худро дар Лигаи чемпионҳои Осиё – 2 ба нишон расонад.
Рӯзи гузашта бозиҳои даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё – 2 дар чаҳоргонаи “С” сурат гирифт. Дастаи Истиқлол бозии 3-юми худро дар мусобиқа муқобили дастаи “Ал-Веҳдат”-и Урдун доир кард.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардида, бо ҳисоби 0 бар 1 ба нафъи дастаи урдунӣ ба охир расид. Ягона голи дидорро дар дақиқаи 52-юм ҳамлагари марказии дастаи “Ал-Веҳдат”, Баҳа Фейсал аз паси ҳамдастааш Шоқи Ал-Қуза ба нишон расонид.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ду бозии қаблии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё, “Истиқлол” ба бохт рӯ ба рӯ шуда буд. “Истиқлол” дар бозии аввал дар хонаи худ аз “Ал-Шарҷа”-и АМА (0-1) ва дар бозии дуюм дар сафар аз “Сипоҳон”-и Эрон (4-0) шикаст хӯрда буд.
Бозии дигари чаҳоргонаи “С” миёни дастаҳои “Ал-Шарҷа”-и АМА ва “Сипоҳон”-и Эрон бо ҳисоби 3 бар 1 ба нафъи дастаи АМА ба охир расид.
Ба ҳамин тартиб баъди 3 давр дастаҳои “Ал-Шарҷа” ва “Ал-Веҳдат” бо 7 имтиёзӣ пешсафони гурӯҳи “С” буда, “Сипоҳон” бо 3 имтиёз дар ҷои 3-юм аст. “Истиқлол”-и Душанбе бошад бе имтиёз дар мавқеи охир ҷой гирифта, то ҳол ба задани як гол даст наёфтааст.
Дар даври 4-ум, санаи 5-уми ноябр, дастаи “Истиқлол” дар сафар бо “Ал-Веҳдат”-и Урдун ва “Сипоҳон” дар хонаи худ бо “Ал-Шарҷа” дидор анҷом медиҳанд.
Рустами Зоир
радиои “Тоҷикистон”
Акс аз саҳифаи расмии бошгоҳи “Истиқлол”