Имрӯз дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш” бахшида ба 60 солагии таъсиси ин муассиса конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Технологияҳои инноватсионии ташхис ва табобат дар беморхонаи бисёрсоҳавӣ” баргузор гардид.
Дар конференсия Зулфия Абдусамадзода муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии Тоҷикистон “Шифобахш” Хизматулло Шамсзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва кормандону собиқадорони соҳаи тандурустии мамлакат иштирок намуданд.
Дар конференсия, директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии Тоҷикистон “Шифобахш” Хизматулло Шамсзода суханронӣ карда иброз намуд, ки Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии Тоҷикистон “Шифобахш” дар баробари ташхису табобат, инчунин сарчашмаи асосии садҳо корҳои илмӣ ва навовариҳо дар соҳаи тиб мебошад.
Дар идома Сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода баромад карда, қайд намуд, ки дар давоми 60 соли фаъоляти худ Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии Тоҷикистон “Шифобахш” рушд карда, имрӯз дар он тамоми шароитҳои ташхису табобат муҳайё буда наздики 3 ҳазор нафар корманд дорад.
Маъруф Ҳомидов муовини директори Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии Тоҷикистон “Шифобахш” зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки маркази тиббии “Шифобахш” бар баробари дигар паҳлуҳои фаъоляти худ, он инчунин макони асосии таҷрибаомӯзии донишҷӯёни соҳаи тандурустӣ ва корҳои амалии онҳо дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад.
Дар анҷоми конференсия як қатор кормандону собиқадорони соҳаи тандурустӣ бо нишони “Алочии тандурустуии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ифтихорномаи якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали ҷашнии 60 солагии Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии Тоҷикистон “Шифобахш” сарфароз гардонида шуданд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”