Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё (U-20) барои бозигарони то 20-солаи Тоҷикистон бебарор анҷом ёфт.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) зери роҳбарии сармураббии словенӣ Милош Костич пас аз 8 сол натавонист ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёбад.
Бозигарони то 20-солаи тоҷик дар бозии охирин марҳилаи интихобӣ аз дастаи Уммон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрдаанд ва имкони баромадан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаро аз даст доданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Голҳоро Меҳрубон Ҳамидов аз ҳайати Тоҷикистон ва Юсуф Ал-Шабиби, Фаҳад Ал-Муҳани, Ал-Манвари аз ҳайати Уммон ба самар расониданд.
Тоҷикистон (U-20) пас аз 4 бозӣ, бо 2 ғалабаю 2 бохт дар мақоми 3-юми гурӯҳи «Е» қарор гирифт.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввал озод буд ва дар даври дуюм Шри-Ланкаро бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб карда, дар бозии сеюм аз Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0 бар 2 ноком гардид. Дар бозии даври чаҳорум футболбозони мо Малайзияро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дода, дар бозии охири марҳилаи гурӯҳӣ аз Уммон бо ҳисоби 1 бар 3 шикаст хӯрданд.
Аз гурӯҳи “Е” Кореяи Шимолӣ бо касби 10 имтиёз роҳхати ниҳоиро дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2025 ба даст овард.
Бори аввал пас аз соли 2016 мунтахаби то 20 солаи Тоҷикистон ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта натавонист.
Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи интихобӣ ғолибони 10 гурӯҳ ва панҷ дастаи беҳтарини зинаи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни ҷавонон роҳхат мегиранд.
Рустам Зоиров
радиои “Тоҷикистон”