Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин бозии худ дар Ҷоми ҷаҳон – 2024 шикаст хӯрд

Ҷоми ҷаҳон оид ба Футзали барои бозигарони мунтахаби Тоҷикистон на он қадар хуб оғоз шуд.

Дастаи мунтахаби Футзали Тоҷикистон дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон – 2024, дар чаҳоргонаи “Е” бо тими миллии Марокаш – қаҳрамони феълии Ҷоми миллатҳои Африқо рақобат намуд. Ин вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии “Ҳумо Арена” доир гардида, бо ҳисоби 4 бар 2 ба нафъи марокашиҳо ба охир расид.

Голҳои мунтахаби Марокашро дар ин бозӣ ду маротиба Бумезу (1, 29), ва якмаротибагӣ Шарраую (37) Раис Эл-Феннӣ (38) ба самар расонданд.

Ризомов (34) ва Файзали Сардоров (39) муаллифи голҳои Тоҷикистон гардиданд.

Бозии дигари гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои мунтахаби Португалия ва Панама бо ҳисоби калони 10 бар 1 ба фоидаи порталиҳо ба охир расид.

Ҳамакунун баъди даври якум Португалия ва Марокаш бо 3 имтиёзӣ дар мавқеъҳои якуму дуюм ҷой гирифта, Тоҷикистон Панама дар ҷойҳои сеюму чорум ҳастанд.

Дар даври дуюм санаи 19 сентябр Тоҷикистон бо Португалия ва Марокаш бо Панама дидор анҷом медиҳанд.