Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар 68-умин иҷлоси Конфронси умумии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА)

Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири саноат ва технологияҳои нав А.Назар бо шумули Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода дар 68-умин иҷлоси Конфронси умумии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), ки 16-20 сентябри 2024 дар шаҳри Вена доир мегардад, ширкат меварзад.

Тавре Сафорати Тоҷикистон дар Австария, Венгрия, Норвегия, Руминия ва Словакия хабар медиҳад, дар ҳошияи чорабинӣ мулоқотҳои алоҳидаи ҳайати кишвар бо намояндагони АБНА ва кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати баррасии самтҳои нави ҳамкории фаннӣ ва татбиқи муштараки Нақшаи стратегии умумии АБНА доир ба солимгардонии партовгоҳҳои радиоактивӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудаанд.