Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ дар ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024-ум нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди вилоят ба 16 млрд. 217,5 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,2 дарсад баробар гардида, саҳми он дар Маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар 26,3 дарсадро ташкил додааст.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ дода навиштааст, ки афзоиши нишондиҳандаи мазкур дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 10,1 дарсад, кишоварзӣ 13,1 дарсад, гардиши савдои чакана 9,6 дарсад, хизматрасониҳои пулакӣ 3,5 дарсад ва ғайра таъмин гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи чораю тадбирҳои андешида ва дар заминаи рушди иқтисодиёти вилоят, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) дар нимсолаи якуми соли 2024-ум ба андозаи 103,6 дарсад таъмин ва ба буҷети давлатӣ 2 млрд. 707,7 млн. сомонӣ ворид карда шуд. Воридоти маблағ нисбат ба нақшаи таҳрезишуда 93,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли қаблӣ 293,4 млн. сомонӣ ё 12,2 дарсад зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти пешакии мақомоти андози вилоят дар ин давра ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 605,2 млн. сомонӣ ё баробари 107,3 дарсади нақша маблағ ворид гардид, ки аз он андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 245,4 млн. сомонӣ ё ба қадри 109,5 дарсади нақша ва андози иҷтимоӣ аз корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 359,9 млн. сомонӣ ё 105,8 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Давоми соли ҳисоботӣ муносибатҳои байнибуҷетӣ тибқи тартиби муқаррарӣ роҳандозӣ шуда, ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз андоз ва даромадҳои умумидавлатие, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди вилоят қарордошта ворид гардид, ба маблағи умумии 746,1 млн. сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 5,4 млн. сомонӣ кам ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2023-юм 34,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи даромадҳо ба буҷети маҳаллӣ дар ин давра ба андозаи 105,3 дарсад таъмин гардида, ба ҷойи 1 млрд. 525,7 млн. сомонии нақшавӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ 1 млрд. 606,8 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 105,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 213,0 млн. сомонӣ ё 15,3 дарсад зиёд мебошад.
Маблағи бақияи қарзи андозҳо дар нозироти андози шаҳру ноҳияҳо (бе назардошти қарзи Нозироти андозсупорандагони калон дар вилоят) дар ҳолати 1 июли соли 2024 дар вилоят ба 74,4 млн. сомонӣ баробар шуд. Маблағи бақияи умумии қарзи андозҳо бошад, бо назардошти қарзи корхонаҳои Нозироти андозсупорандагони калон дар вилоят, ба 131,7 млн. сомонӣ баробар аст ва ин рақам нисбат ба аввали сол 46,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Бояд тазаккур дод, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳаҷми бақияпулиҳои андоз нисбат ба аввали соли ҳисоботӣ дар Нозироти андозсупорандагони калон дар вилоят ба маблағи 31,5 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.
Маблағи асосии бақияпулиҳоро бақияи қарзи андози иҷтимоӣ ба маблағи 24,7 млн. сомонӣ (18,8 дарсади маблағи умумии бақияпулиҳо), андоз аз арзиши иловашуда 22,6 млн. сомонӣ (17,1 дарсад), андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ 32,4 млн. сомонӣ (24,6 дарсад), андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ 8,3 млн. сомонӣ (6,3 дарсад), андоз аз молу мулки ғайриманқул 6,4 млн. сомонӣ (4,9 дарсад) ва ғайра ташкил медиҳад.
Ҳаҷми зиёди маблағи бақияпулиҳо ба Нозироти андозсупорандагони калони вилоят 57,3 млн. сомонӣ (43,5 дарсади маблағи умумии бақияпулиҳо) ва ба шаҳру ноҳияҳои Истаравшан 9,5 млн. сомонӣ (12,8 дарсад), Хуҷанд 9,3 млн. сомонӣ (12,5 дарсад), Зафаробод 9,1 млн. сомонӣ (12,3 дарсад), Исфара 7,4 млн. сомонӣ (9,9 дарсад), Мастчоҳ 7,1 млн. сомонӣ (9,5 дарсад), Бобоҷон Ғафуров 6,3 млн.сомонӣ (8,5 дарсад) Панҷакент 6,3 млн. сомонӣ (8,5 дарсад) ва боқимонда ба дигар шаҳру ноҳияҳо рост омадааст.